Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ормон Файз боз дар иҳотаи конвой соати 1830дақиқа дар зери ҳимояи кормандони милиса аз дафтари кории прокурор берун шуд ва баъди як дақиқа, ҳангоми аз зинаҳои пеши бинои прокуратура фаромадан оҳ гуфта, ба замин афтид...
Шояд аз омади кор буд, ки ду нафар аз кормандони ротаи ППС1ДАР кӯча қадам мезаданд, афтидани нафареро дар пеши бинои прокуратура дида, ба ёрӣ шитофтанд ва то ба мошини сарвари милиса шинонидани бемор, Зоғов ба онҳо супориш дод, ки ба 02 занг зада, аз ҳолати рухдода навбатдори милисаро огоҳ намоянд ва ба зери назорат гирифтани квадрате, ки эҳтимолияти камингоҳи киллерро дошт, баён намуда, омадани гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯиро ба ҷойи ҳодиса талаб намуд ва худ ҳамроҳи конвой Ормон Файзро ба беморхона интиқол дод...
Тир ба тарафи чапи қафаси синаи Ормон Файз бархӯрда буд ва хун фаввора мезад, вале бемор ҳанӯз аз ҳуш нарафта буд ва танҳо як калимаро ба забон меовард:
-Номард!
-Кист нафаре, ки қасд ба ҷони шумо намуд? - пурсид Зоғов.
-Хуморов, - базӯр ҷавоб дод Ормон Файз ва чашмонашро пӯшид.
Аз милиса аллакай ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада буданд ва дар пеши ошиёнаи якуми беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” нафарони хилъати сафедпӯш мошини сардори милисаро пешвоз гирифта, маҷруҳро ба аробачае шинонда, ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ бурданд. Баъди 23 дақиқа, ки дар назари муфаттиш аз қарн ҳам дарозтар намуд, ҷарроҳ аз ҳуҷраи кориаш берун омад ва Зоғов ба истиқболи эшон шитофт...
- Афсӯс ки духтур ҳам дар назди тақдири Худованд бечора аст, - гуфт он мард ва ба самти ҳуҷраи духтурон рафт.
Муфаттиш худро бар он мазаммат мекард, ки дар торикӣ боздоштшударо ба прокуратура бурд ва онҳое, ки дар марги эшон манфиатдор буданд, аз чунин лаҳзаи муносиб истифода бурданд...
-Рафиқ старшина!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор