Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Набошад ҳамроҳи “шербачаҳо” кор баред!-гуфт Сорбони Ҳомид ва бо сарнозири минтақавӣ худоҳофизи намуда ба самти роҳи калон ҳаракат намуд...


Прокурор соати 1810дақиқа муфаттиш Зоғовро ба ҳузур пазируфт ва ба ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноӣ шинос шуд. Ормон Файз дар зери назорати конвой ҳанӯз дар қабулгоҳ интизори ба назди сарназоратчии қонун даромаданро дошт. Соати 1822дақиқа Усмонов Ормон Файзро ба наздаш хонда, оид ба рафти тафтиш ва нигоҳдориаш дар ИВС пурсон шуд.
-Рафиқ прокурор, дар ин бора мехоҳам бо шумо дар танҳоӣ ҳарф занам,-хоҳиш намуд боздоштшуда.
-Моро танҳо гузоред, - гуфт прокурор. Муфаттиш ва ҳайати конвой дилу бедилон аз дафтари кории сарназоратчии қонун ба қабулгоҳ баромаданд.
-Марҳамат, гузашта шинед, гуфт прокурор ва дар коғази сафеде бо ҳарфҳои хоно чизе навишта ба боздоштшуда нишон дод. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки баъди вохӯрӣ бо Хуморов дили ӯ аз ёвари эшон (мудири анбор Ш.А.) монда буд ва метарсид, ки милиса дар кисаи боздоштшуда диктофон нагузошта бошад ва ягона роҳи бехавфро дар ин гуфтушунид дар овардани мақсади хеш болои лисон медид...
Баъди шиносоӣ бо он каломи сеҳрангези дар болои лисон омада боздоштшуда даст болои сина гузошта таъзим кард ва прокурор каме осуда шуд, чунки бо ин амалаш тавонист Ормон Файзро ором намояд ва баъди 6 дақиқаи вохӯрӣ дар танҳоӣ сарназоратчии қонун тугмачаи зери мизро зер намуд.
Котиба пушти дар рост шуда мунтазири амри патрон шуд.

-Бигузор омада боздоштшударо баранд:-амр кард Абдулваҳҳоб Наботович ва лаҳзае пас муфаттиш Зоғов ва ҳамроҳонаш дубора вориди дафтари кории прокурор шуданд.
-Ба ин кас муносибататонро беҳтар намоед, - гуфт прокурор ва барои бурдани боздоштшуда рухсат дод.

пешина
аз 441
навбатӣ