Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Не.
-Агар дурӯғ гӯед-чӣ?
-Дурӯғгӯ душмани Худо.
Бо амри Мирзо Шокарим боздоштшудагони пешинро, ки дар ҳуҷраи шафат интизорӣ доштанд, бо навбат як нафарӣ . ба дафтари кории сарнозири минтақавӣ, ки Сорбони Ҳомид ҳамроҳи интиқолдиҳандагони маводи мухаддир суҳбат дошт, оварданд, вале Фарҳод Зариф ва телехаш ду пойро дар як мӯза андохта, собит намуда мехостанд, ки бо ин нафарон боре ҳам рӯ ба рӯ наомадаанд, вале ҳар яке аз он “дарвешҳо” дар алоҳидагӣ он ду ҳамсуҳбати пешини Сорбони Ҳомидро муттаҳам намуда, хабар доданд, ки маводҳоро аз ҳамин Фарҳод ва Собир хариданд.
Сипас аз рӯйи талаботи қонун нақши ангуштони ҳамаи иштирокчиёни “маҳфил” ба дактилокарта гирифта шуда, ҳар як иштирокчӣ нақши ангуштонашро бо имзои хеш тасдиқ намуд...
Дар ҳамин асно телефон занг зад ва сарнозири минтақавӣ гӯшакро бардошт...
-Фаҳмидам, албатта, - гӯён ӯ ба гуфтугӯ нуқта гузошта, бо ишораи сар бандаро ба берун даъват намуд...
- ЧП,35 - баробари аз бино баромадан гуфт Мирзо Шокарим.
- Нафаҳмидам.
- Ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш дар назди бинои прокуратура Ормон Файзро ҳадафи тир қарор доданд.
-Кӣ? - Маълум нест ва барои ҳамин “Бонги хатар” эълон намуданд. Мо бояд дар ҳолати омодабош дар ҳамин ҷо бошем, вале рафтани шумо ба ҷой ҳодиса ҳатмӣ будааст.
-Ҳоло Ормон Файз дар куҷост?
-Дар беморхона.
Ҳолати фавқулода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор