Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-О, ин ҷӯраи худамон-ку,-фурӯшандаро дида гуфт сарнозири минтақавӣ Мирзо Шокарим.
-Кӣ? - ҳайрон шуда пурсид Сорбони Ҳомид.
-О, ҳамин ландаҳур, чӣ қадар мо ӯро ҷустуҷу намудем. Ёд доред, он рӯз дар пеши хонаи хизмати маишии “Садбарг” чӣ тавр милитсионерро фиреб дода гурехт, - гуфт сарнозири минтақавӣ.
Дар ҳузури холисон ландаҳурро, ки худро Фарҳоди Зариф гӯён муаррифӣ намуд, мавриди кофтукови шахсӣ қарор доданд ва дар зери астари нимпалтояш дар дохили халтаи селофание қариб 150 грамм афюн ва аз киссааш қариб 40 дона сигорет (чарс) ёфта гирифта шуд. Ҳамчунин аз киссаи ҷондораш Собир Малик 8 дона чарс ёфта мусодира карда шуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳарду ҳам тӯтивор такрор мекарданд, ки маводро на ба мақсади фурӯш, балки барои истеъмоли шахсиашон аз шахси номаълуме харидорӣ намудаанд.
Ба саволи кормандони милиса, ки аз дасти харидор даҳ грамм афюн ва шаш дона чарс ёфтанд, Фарҳоди Зариф ҷавоб дод, ки харидор шиноси деринаи онҳост ва чун ӯро дидаву илтимос кард, суханашро шикаста натавонист. Ҳарчанд ӯ нияти гирифтани пул ҳам надошт, вале қарз то қиёмат намонад гуфта бародар бо онҳо ҳисобӣ кард.
-Қабул, акнун гӯед, ки бародарро чӣ ном аст?
-Номашро ҳам медонистам, бовар кунед номаш дар нӯги забонам гашта истодааст...
-Яъне, номашро намедонед?
-Ба ёд оварда натавониста истодаам, - худро сафед карданӣ шуд Фарҳоди Зариф.
-Акнун мегуфтед, ки инаш кист? - ба тарафи Собир Малик ишора намул Сорбони Ҳомид.
-Ин касро намешиносам.
-Ӯ бошад даъво дорад, ки телехи шумост.
-Дар пеши даҳон кӯтал нест, охир худатон андеша намоед, ки ба чунин як сағираи пойлучу сарлуче чун ман телех чӣ лозим?
-Оё дигар ба ягон нафар афюн ва чарс нафурӯхтаед?

пешина
аз 441
навбатӣ