Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Онҳо ҳарсе якҷоя боз вориди толор шуданд. Баъди чанде Кариму Зулайхо аз назорати сарҳадию гумрукӣ гузашта, лаҳзае пас аз назар пинҳон шуданд...
Кори Фарҳод хеле омад кард. Ҳарчанд ӯ дар нимаи дуюми рӯз дӯкони хешро ба рӯйи ҳаводорони кайфу сафо боз кард, вале мухлисон аз фаъолияти кори дӯкон ба зудӣ огоҳ гашта, чун занбӯри асал дар гирди фурӯшанда парвона шуданд. Маҳз ҳамин гирдиҳамоии ашхоси махмуру сармаст диққати кормандони милисаро, ки дар либоси ғайринизомӣ буданд, ба худ ҷалб намуд. Соати 1720 дақиқа Сорбони Ҳомид, ки дар минтақаи вокзали Роҳи Оҳан ба амалиёт роҳбарӣ мекард, хабарро аз оғози хариду фурӯши маводи мухаддир қабул намуда, барои аз наздик шинос шудан ба кори нашъаҷаллобон худ ба маркази “зилзила” омад.
Аз рӯйи маълумоти ба даст расида фавран нақшаю чорабиниҳои назоратӣ тартиб дода шуд ва ҳарчанд болои кӯпуруки ҳавоӣ аз нигоҳи стратегӣ мавқеи беҳтарини назорат эътироф шуд, вале аз нигоҳи тактикӣ он дар озмун нагузашт ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки нашъаҷаллобон дар чунин ҳолат метавонистанд назоратро аз қафои хеш эҳсос намуда пароканда шаванд. Нашъаҷаллобон на дар дохил ва на дар атрофи бинои вокзал, балки дар байни хати сеюм ва чорум, ки қатораҳои боркаш меистоданд, ба фурӯши маводи мухаддир даст зада буданд ва майдатарин хато ҳам метавонист боиси шикасти амалиёт гардад. Сорбони Ҳомид тайи ин муддат як маротиба аз болои пули ҳавоӣ ба самти муқобил гузашт ва дар як нигоҳ квадрати маркази “зилзила”- ро муайян намуда, тариқи мухобира ҳамаи онҳоеро, ки дар амалиёт сафарбар шуда буданд, ҳушдор сохт. Ҳар як харидоре, ки аз зери қатораҳои боркаш мегузашт, дастгир карда шуда, ноаён ба пункти тартиботи ҷамъиятӣ интиқол дода мешуд. То соати 1750дақиқа ҳашт нафар харидорони аз 13 то 16-сола боздошт карда шуданд, ки ин як заминаеро барои дастгир намудани фурӯшанда фароҳам овард. Соати 1758дақиқа гурӯҳи ба амалиёт сафарбаршуда “фурӯшанда”-ро дар ҳалқа гирифтанд ва ҳангоми фурӯши навбатӣ бо далелҳои шаиъӣ фурӯшанда ва харидорро дстгир намуданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор