Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Канӣ?
-Домулло дар майдончаи пеши фурудгоҳ моро кофта гаштаст.
-Ҳа, бечора тағоят ба кадом тараф рафтанашро намедонад.
-Ман ҳозир он касро ҷеғ мезанам.
-Ҳаминаш намерасид.
-Нафаҳмидам?
-Карим чӣ тавр метавон нафареро, ки ба мо ҳукми падарӣ дорад, ҷеғ занӣ, пас канӣ одоб?
-Пас чӣ бояд кард?
-Беҳтар мешуд, ки мо худамон ба назди тағоятон мерафтем!
-Набошад ба пеш!
Онҳо ҳарду паҳлуи ҳам аз толори фурудгоҳ баромаданд.
-Қариб ки дер монда будам, ҳамааш айби худам шуд ва агар имрӯз маро ба кор намефиристодӣ, осмон ба замин омада намерасид,-гуфт тағо бо Карим вохӯрӣ намуда истода.
-Тағо, ин кас Зулайхо.
-Шодам, ки шуморо ҳамроҳи Карим мебинам.
Зулайхо ба нигоҳи саволомези тағои Карим тоб наоварда, нигоҳашро ба замин дӯхт.
-Каримҷон, Зулайхо ба гусели худат омадааст?
-Не, мо якҷоя парвоз мекунем.
-То куҷо?
-То Владивосток.
-Зулайхоро дар он ҷо корест ва ё ҳамроҳи худат меравад?
-Инро беҳтар мешуд, аз худаш мепурсидед.
-Аёнро чӣ ҳоҷат ба баён ва ман бароятон бахт ва ҳосили муҳаббататонро дидан мехоҳам. Афсӯс ки худат моро барвақттар шинос накардӣ...
-Тарсидам, ки шумо интихоби маро рад накунед.
-Зулайхо дар зоҳир арзандаи номаш аст. Гумон мекунам ботинаш низ чун зоҳираш зебост ва фариштаи муҳаббати хешро ҳифз намо!
Радиои дохили фурудгоҳ саворшавии мусофиронро бо хатсайри “Душанбе-Москва” эълон кард.
-Хайр рафтем, - гуфт Карим.

пешина
аз 441
навбатӣ