Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз нигоҳат.
-Касе ҳам набошад, ҷойи туро гирифта наметавонад.
Духтар оҳи сабуке кашид, ки маънои акнун каме осуда шудамро дошт ва бо овози шунаво гуфт:
-Ба фикрам, нафареро, ки интизораш ҳастед, дар ҳаётатон мақоми махсус дорад?
-Ҳақ ба ҷониби худат ҳаст.
-Рафту ман ба он кас маъқул нашавам-чӣ?
-Баръакс, аз дидани худат он кас хурсанд мешавад.
-Бовар намекунам.
-Тағоям биёяд, ҳамаашро мефаҳмед.
-Бандаро ба кадом сифат муаррифӣ кардан мехоҳед?
-Ҳамчун арӯсам.
Зулайхо боз сар ба зер афканд. Карим ҳис кард, ки рухсораҳои духтар лолагун шуданд.
-Чаро хомӯш шудӣ ё розӣ нестӣ?
-Чӣ гуям?
-Розӣ ҳасти ё не?
“Ҳоло ки дер нашудааст, ҳақиқати ҳолатро арз бидор. Агар туро хоҳад, чӣ хубе, дар акси ҳол чизеро бой намедиҳӣ, ҳисоб мекунӣ, ки умуман нафареро бо чунин ном намешинохтӣ.
Бунёди оила ин пеш аз ҳама боварӣ ба рафиқи ҳаётиат ҳаст, чаро хомӯшӣ? Гап зан!” - нидо омад аз замираш.
-Чӣ гуям?
-Розигиатро пурсидам.
-Ман на он фариштае ҳастам, ки худат гумон дорӣ.
Як бор аллакай шаҳди беандешагиро чашидӣ ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки ту дидаю дониста мақоли халқӣ “кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз”-ро пеши по задӣ ва барои мард муҳим он аст, ки “асп дар зери пой худаш налангад,”- шунид Карим шӯри аз ниҳодаш бархостаро ва бо овози шунаво гуфт: - Зиндагӣ маҷмуаи бешу камист ва дар дунё касе бе айб нест, вале барои як хато наметавон ба зиндагии минбаъда хатти батлон кашид, муҳим он аст, ки “асп дар зери пой худам налангад.” Гузаштаи асп барои ман чандон муҳим нест, вале намебахшам Рахшеро, ки ӯро ҳавои савори дигаре ба сар ояд.
-Аз ин тарафаш метавонед осуда бошед.
-Ана тағоям ҳам омад.

пешина
аз 441
навбатӣ