Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Пеш аз ҳама пушаймон шудан аз кирдори хеш ва ҳамкорӣ бо тафтишот ҳолатҳои сабуккунандаро дар қонун пешбинӣ намудааст ва чун шумо пофишори ҳам намоед, бо далелҳои раднашавандае, ки тафтишотро дар даст аст, гуноҳатонро собит хоҳанд кард ва бовар кунед ин ба фоидаи шумо нест.
-Аслан ману Собир Малик ҳамон шаб барои гирифтани қарз ба хонаи амаки Зулайхои Валӣ рафтем, чунки медонистем пулҳои аз Маскав фиристодаи Зулайхо дар дасти амакаш ҳастанд. Мутаассифона, амаки Зулайхо ба суханони банда, ки шиноси наздики Зулайхо ҳастам ва, албатта, қарзашро бармегардонам, бовар накард ва доду фиғон бардошт.
Намедонам чӣ хел шуду Собир Малик ногаҳон ӯро бо корд зада захмин кард. Ман дар ҳамон ҷо ҳам ин амали Собирро маҳкум намудам, вале мо дигар илоҷе надоштем ва баробари ёфта гирифтани он 1000 (ҳазор) долларе, ки худам ҳамроҳи Зулайхо аз Маскав ба номи амакаш фиристода будем, соҳибхонаро ба ҳолаш гузошта, аз он ҳавлӣ баромада рафтем...
Вақте ки Фарҳод Зариф нишондоди хешро бо ҳама суолу посуҳои гуфтааш болои лисон оварда, онро бо имзои хеш тасдиқ намуда, ба дасти Сорбони Ҳомид дод, ровии радио нақшаи барномаҳои шабакаи аввали радиои ҷумҳуриявиро барои рӯзи фардо қироат мекард...
Субҳи рӯзи 7 ноябр Сорбони Ҳомид дар якҷоягӣ бо муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол дар дафтари кории муфаттиш Собир Маликро мавриди пурсиш қарор доданд ва гуноҳи эшонро бо далелҳои аллакай дар нисбаташ гирдоварда (нишондоди Фарҳод Зариф аз 06.11.. дар назар аст.
Ш.А.) дайн намуданд. Ҳангоми гузаронидани кофтуков барои дарёфти олоти ҷиноят дар манзили боздоштшуда корде, ки тариқи он Исроил Фотеҳ ба ҳалокат расонида шуда буд, ёфта гирифта шуд ва баъдтар муфаттиш Соҳиб Хол бо қарори хеш онро ба ЭКО фиристод...
Ҳамин тариқ, интиқолдиҳандагони маводи мухаддир ба пешаи ягонаи хеш қаноат накарда, вориди манзили бегона шуданд ва ба хотири 1000 доллар марди бегуноҳеро, ки умри хешро сарфи ҳимояи тартиботи чамъиятӣ намуда буд, ба ҳалокат расониданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор