Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Бовар намекунам! - нидо омад аз қалби нафаре, ки қариб нисфи оламро гаштаю боз ба ин мавзеи кучак омада буд.
Дар маконе, ки дари ҳавлии мардумонаш қулф надошт, дуздию ғоратгарӣ набуд, ҳама чун як оилаи тифоқ аҳлона зиндагӣ доштанд, онро ба ҷуз биҳишт дигар чӣ ҳам метавон ном бурд?
-Далел,-эътироз намуд қалби ба шӯр омада.
...”Оре, зисту зиндагии милитсионер дар ин ҷо хушу хушбахтона аст. Ӯ қариб ҳеҷ кор намекунад. Мардум аҳлона зиндагӣ мекунанд, шаробро кам менӯшанд, дуздӣ намекунанд.”7
-Суханони шинос, ба фикрам ким-кадом як литвонӣ ё латвонӣ чунин суханонро дар замони салтанати Шӯро дар нисбати ким-кадом як деҳи кӯҳистон гуфта, вале он ҷо номи Гулзор набуд, шикасти хешро каме ҳам бошад эътироф намуд қалби он марди ҷаҳонгашта.
-Дуруст, вале ҳар кӣ бо китоб сару кор дорад, ҳангоми мутолиа дар он симои хеш ва ё марзу буми хешро мебинад ва ман ҳам китоби дӯстони аз соҳилҳои назди Балтика омадаро хонда гумон намудам, ки он милитсионери бекор гӯё дар Гулзори мо кору фаъолият дошт.
-Хуб аст, ки нисбат ба зодгоҳат чунин андеша дорӣ?
-“Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек”.
-Шоҳ Ҷамшед ҳам аз Гулзор аст?
-Магар ман чунин гуфтам?
-Агар чунин аст пас бояд мегуфтед, ки чӣ хеле шоҳ Ҷамшед гуфта...
-Қабул.
-Оё гуфта метавонӣ, ки аз худат бештар Гулзорро кӣ ситоиш намудааст?
-Боре дар миёнаҳои моҳи ноябр, ки Гулзор ниҳоят сард аст, дар ҳамин кулбаи бобои Нуралӣ Мирзо, ки мардум ӯро Нуралии Дароз ҳам мегуфтанд ва саргузашташ аз

7
И.Зиёдонис, В.Коротич, Г.Янайтис, “Чумчаи урфӣ” Душанбе, “Ирфон” ҳолномаи банда ҳам ҳузновартар аст, ном ҳамдиёрамон, ки дар шаҳр иқомат дошт, меҳмон шуд...

пешина
аз 441
навбатӣ