Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Замоне, дуздӣ ва фисқу фасод фарсахҳо аз ин минтақаи кӯҳистон дур буд. Ҳама бо ҳамдигар ёру бародар буданд ва ҳар амалеро, ки анҷом медоданд, дар асоси қонуни давлат буд ва бар хилофи шариати ислом ҳам набуд, вале ҳар он чӣ ки дар ин боб Карими Кабир тайи чанд рӯзи дар диёраш буда шунид, ангушти ҳайрат газид...
Нафаре, ки дар баҳру уқёнусҳо шино дошт, аз забони ҳамдеҳагони аламдидааш фаҳмид, ки Гулзор маркази даргириҳои сиёсӣ будааст ва ҳамаи инро сабаб он буда, ки садрнишинони вақт дар ду ҷабҳа нақш бозиданд. Сараввал онҳо Ҳукуматро бовар кунониданд, ки музаффариятҳои истиқлоли кишварро чун мармараки чашм ҳифз мекунанд, вале ҳосили ғалладонаи дар анборҳо ва чорвои дар фермаҳо бударо то омадани ҷабҳаи мухолифин бе камукост нигоҳ дошта, чун дастагули беқурбе нисори қудуми аҷнабиён ва зархаридони онҳо намудаанд. Ин дар замоне буд, ки мардум аз гуруснагӣ азият мекашиданд ва ҳамарӯза бо сари паст ба назди садрнишинон мерафтанд, вале ин ҳама арзу шикоят баробари гуфтани азон ба гӯши хар буд... Албатта, онҳое, ки ниқоб ба рӯй кашида, Ҳукуматро дар асл фиреб доданд, аз ин табадулотҳо манфиати зиёде ба даст оварданд,чунки рафту агар ҷабҳаи мухолифин ба Гулзор намедаромад, онҳо ҳаргиз он ҳама норасоиҳои дар замони салтанаташон рухдодаро чунин осон аз эътибор соқит карда наметавонистанд.
“Война всё спишет”...
“Табадулотҳои калон сармоядорони бузургро рӯйи саҳна меорад,”-хонда буд Карими Кабир дар куҷое ва асли ин гуфтаҳоро ӯ дар зодгоҳаш дид.
-Пас онҳое, ки Гулзорро ба Хорзор табдил додаанд, назди қонун чӣ ҷавоб хоҳанд гуфт? - пурсид ӯ аз ҳамдеҳагонаш.
Посух ниҳоят кӯтоҳ, вале ҳақиқӣ буд: -“Война всё спишет.” Ҳар касе, ки то замони даргириҳои сиёсӣ ба Гулзор омада буд, онро биҳишти хурде дар рӯйи замин меномид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё