Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Андешаҳои шумо рафиқ капитан.
-Чӣ хеле мо аллакай медонем, Исроил Кабирро барои ҳазор доллари амрикоӣ ба ҳалокат расонидаанд ва нафароне ки ба ин кор даст задаанд, аз мавҷудияти ҳамон маблағ хабардор буданд ва ё ба ҳамин хотир вориди он хона шудаанд. Пас агар чунин аст, онҳо ба ин амал аз рӯйи зарурияти иқтисодӣ даст задаанд. Ин дар ҳолест ки нафаре, ки мо то кунун ҷустуҷӯяш доштем, хизматчии яке аз қӯшунҳои ҳарбиест, ки ҳармоҳ на камтар аз ду ҳазор доллари амрикоӣ маош мегирад. Дуюм, чӣ хеле ки вай дар нишондодаш овардааст, ӯ аз ҳодисаи ба сари Исроил Фотеҳ омада ҳамагӣ ду соат пеш огоҳӣ ёфтааст ва дар кадом ҳолат огоҳӣ ёфтанашро низ дар нишондодаш дарҷ намудааст.Пас суоле ба миён меояд, ки чӣ тавр метавонад нафаре, ки маоши яксолааш ба бисту панҷ ҳазор доллар дакка мехӯрад, барои ҳазор доллар шуда даст ба куштор занад?
Сеюм, Карими Кабир аз дасти Фотеҳзода Зулайхои Валӣ барои амакаш дору оварда буд ва медонист, ки агар ҳодисае рух диҳад, ӯро тариқи Зулайхо меёбанд. Чорум, барои инсонро фаҳмидан шарт нест ҳамроҳи вай ян пуд намакро истеъмол намоед ва агар ба ҳамаи ин шумо бовар накунед, ман дигар барои ҳимояи шахсе, ки аз рӯи гуфти шумо чордаҳ шабонарӯз гумонбаршудаи рақами як ба ҳисоб мерафт, далеле надорам. Ана ҳамин аст нигоҳи мантиқӣ ба рафти ҳодисаҳо. Боқӣ ихтиёр шуморост.
-Чӣ хеле гуфтам, дар муддати чордаҳ шабонарӯз ӯ гумонбаршудаи рақами як буд ва тайи як соати суҳбат бо вай шумо аз ақидаатон гаштед.
-Ин беҳтар аз онест, ки мо вайро бе асос боздошт намуда, баъди се шабонарӯз аз вай бахшиш пурсем.
-Рафту мо гуноҳи вайро дайн намоем-чӣ?
-Ин кор ҳатто ба кормандони гестапои гитлерӣ муяссар намешуд, ба мо бошад умуман даст намедиҳад.
-Чӣ ташбеҳи нангине.
-Сухани рост ҳамеша талх аст, рафиқ подполковник.
Шояд агар ин суханонро дигар кас мегуфт, сарвари милиса ҳатто бовар намекард, вале кафолати бегуноҳии мичманро аз забони нафаре шунид, ки се моҳ пештар барои ҳимояи Эрик Рура омада ва маҳз зарбаҳои нишонрас ба нашъаҷаллобон низ натиҷаи музокирот дар танҳоӣ бо капитани милиса буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор