Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дастам Қосим бо нишондоди Карими Кабир шинос шуда, лаҳзае ба андеша рафт. Аз он чӣ ки мичман дар нишондодаш оварда буд, ба як хулосаи муайян омадан осон набуд. Тайи солҳои кор дар милиса ӯ борҳо ба чунин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шуда буд, вале ҳама кор дар милиса характери инфиродӣ дорад ва як амалеро бо дигараш қиёс намудан ғайриимкон аст.
Умуман дар юриспруденция бархилофи соҳаи тиб ҳар як амал кунҷи нигоҳи хешро дорад.
Баъди қироати коғазҳо сардори милиса айнакашро аз чашм гирифта, ба тарафи мусоҳибаш нигарист. Ҳарчанд ӯ каломе ба забон наовард, вале аз нигоҳаш ҳам пай бурдан мумкин буд, ки эшон сари ин мавзуъ нигоҳи зердасташро шунидан мехоҳад.
-Аз он чӣ ки Карими Кабир аз ҳодисаи рухдода огоҳшуда худ ихтиёран ба милиса омад, ин худ як нишонае аз бегуноҳии ӯст, - гуфт Сорбони Ҳомид.
-Наомада ба куҷо мерафт, аздусар баъди чанд соате ӯро дар фурӯдгоҳ дастгир мекарданд.
-Шахси гунаҳкор роҳи баромадан аз ҷумҳуриро, албатта, меёфт.
-Ҳоло вай дар куҷо?
-Дар қабулгоҳ
-Бе назорат?
-О вай агар мақсади гурехтан медошт, намеомад?
-Дуруст, вале дар ҳамин ҷо ба милиса ихтиёран омадани вайро аз самти муқобил нигоҳ бояд кард.
-Оё, рафиқ ,полковник гуфтанӣ нестед, ки ӯ фишорро эҳсос намуда, аз рӯи мақоли халқӣ “беҳтарин ҳолати мудофиа ин ҳуҷум” амал накарда бошад?
-Магар чунин ҳолатро инкор карда мешавад.
-Кофист, мо дар ин самт нигоҳи тафтишотро, ки ҳодисаи ба сари Исроил Фотеҳ омадаро ҳамчун роҳзанӣ арзёбӣ намудааст, мавриди назар қарор дода, аз нигоҳи мантиқ ба ҳаракатҳои Карими Кабир баҳо диҳем.

пешина
аз 441
навбатӣ