Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун сарвари милиса дар нисбати каломи пешниҳод намудаи зердаст далеле пеш оварда натавонист.
-Майлаш агар худатон дар бораи бегуноҳии Карими Кабир боварӣ доред, аз нигоҳи қонун дар ин самти кор нуқта гузоред.
-Итоат.


Рафтори кунунии Зулайхо каломи мардуми “таом омад, калом бархест”-ро ба ёд овард. Ҷавонзан фаҳмид, ки дар байни андешаҳои муҳаббат дода шуда, вохӯриро бо “мири шаҳр” ба гӯшаи фаромушӣ додааст. Новобаста аз он ки ҷавонзан бо кӣ сару кор гирифтанашро мефаҳмид, вале ӯро аз ин амал парвое набуд. Рафту агар онҳо қотили амакамро пайдо карда бошанд, аздусар барои гирифтани “ҳаққи хизматашон” ба фурудгоҳ меоянд, дар акси ҳол аз вохӯрие, ки суде нест, чӣ ҷой таассуф? Барои ӯ аз ҳама муҳимаш он аст, ки нафаре, ки тайи ҳафтаи охир чун соя ӯро дунболгири дорад, аз ин гирдоб чӣ хел мебарояд. Ҳарчанд ӯ ба бегуноҳии Карим боварӣ дошт, вале дилаш ҳеҷ ором нашуд, ки нашуд. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки нигоҳи мардум ба мақомоти тафтишотӣ яксону якмаром набуд ва дар роҳрави ошёнаи дуюми бинои милиса ӯ чандин маротиба даст ба дуо бардошта, аз Офаридгори олам барои нафарони дар ҳимояи қонун буда адлу инсофро таманно намуд.
“Рафту агар Каримро ҷавоб диҳанд, мо баъди чор соат якҷоя ба Маскав парвоз мекардем,”- аз дил гузаронд Зулайхо ва чунин шакл гирифтани корро агар дар ҳақиқат мичманро ҷавоб медоданд, як фоли нек мепиндошт. Дар он сурат мо имконияти бештаре дар шиносоии ҳамдигар хоҳем ёфт ва андешаҳои хешро тайи як ҳафтаи охир то лаҳзаи омадани Карим ба хонаи амакаш ва баҳси вай бо духтарамакаш Бунавшаро дар мизони вақт гузошта, ба хулосае омад, ки нафари ба суроғаш омада нисбат ба тақдири ӯ бе тафовут нест, мисли оне ки дили бедарду ғами хешро ҷавонзан низ ошӯфтаву бемори муҳаббати нафаре, ки соате беш интизораш аст, дидан мехоҳад...

пешина
аз 441
навбатӣ