Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Парвиз гуфт, ман ӯро то даромадгоҳи ҳамон тангкӯча гусел намудам ва чун ба хона омадам аз бобоям, ки дар пеши “оинаи нилгун” нишаста, рафти пахтасупориро дар мамлакат тамошо мекард, барои шабгардиам танбеҳ гирифтам.
Ба саволи “Оё намегӯед, ки маллоҳ чӣ хел рутба дошт?”- хонанда Парвизи Бекмурод посух гуфт, ки марди низомипӯш либосҳои сиёҳ ва погонҳои ҳамранги либосҳояшро дар тан дошт ва дар сари китфонаш ду ситорачаи хурд дар шакли ростхата дошт. Сипас Сорбони Ҳомид ҳамроҳи директори мактаб Маҳмадалӣ Сайдализода хонандаро ба дафтари тайёрии ҳарбӣ бурданд ва Парвиз аз акси рутбаҳои ҳарбӣ дар девори он ҷо овезон буда рутбаи мичманро бе ягон дудилагӣ нишон дода тавонист...


Дару девору саҳни мактаби деҳа,
5 Зи ҷасту хезу аз овоз меларзид...
“Ранг бину, ҳол пурс” гуфтани мардумро низ шояд сабабест. Он чӣ ки тайи як ҳафтаи дар Гулзор будан Карими Кабир дар зодгоҳаш дид, дар тасвираш ҳамин ҷавони ҷаҳондида, ки ба ҷуз аз шаш як ҳиссаи қисмати хушкии заминро дида ва боз муддатҳои тӯлонӣ дар баҳру уқёнусҳо дар сафари хизматӣ буд, оҷиз монд.
Биноҳои харобу валангор, танку тупи корношоям, ки кӯдакон болояшон “бозӣ” доштанд, муҷассамаи ҳайбатро мемонд. Ин ҳолатро дида ӯ бе каломи зиёдатӣ ҳам фаҳмид, ки тайи ин солҳо ҳамдиёронаш чӣ рӯзҳои сахтро пушти сар намудаанд.
Ҳарчанд ба даргириҳои сиёсии солҳои навадум мардуми Гулзор дохил нашуда бошанд, ҳам вале аз беҳаракатӣ, дурусттараш, бетарафии худи ҳамин мардум оташи ҷанг ин минтақаи орому осударо низ ба коми хеш кашид. Оташе, ки шуъои он гармӣ надошт, вале дудаш то қиёмат дар замири ин мардум боқист, ки боқист...

Шеър аз Муъмин Қаноат.

пешина
аз 441
навбатӣ