Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд Муҳаррам Каримро бори аввал медид, вале дар борааш аз шавҳар он қадар суханони самимӣ шунида буд, ки чун хоҳар ба истиқболи фарзанди падар баромада, барояш пойандоз густурда, эшонро хайрамақдам гуфт. Абдулхайр ба ақлу заковати ҳамсар қоил шуд. Бубин, ақли худаш нагирифт, вале ҳамсар ин норасоиро ҷуброн кард ва баҳри дӯсти ҳамсар чун ҳама меҳмонони олиқадр пойандоз густурд...
-Карим, ин кас ҳамсари ман Муҳаррам, ҳарчанд худатро бори аввал дида истодааст, вале ҳамаи саргӯзаштҳоят чун афсона дар ёди ӯ нақш баста, - хабар дод Абдулхайр.
Карим, ки солҳо боз дар муҳити дигар умр ба сар бурда буд, баъди салом ва шиносоии кӯтоҳ хост аз паҳлуи пойандоз гузарад, вале соҳибхонаҳо садди роҳи чунин амал гардиданд ва меҳмон чун ҳама меҳмонони олиқадр пой болои пойандоз гузошта, вориди меҳмонхона шуд.
Ҳарчанд меҳмонхона гарм набуд, вале оташи фурӯзони бухорӣ ҳозиринро ором месохт, ки боз андаке сабр кунанд ҳамааш мешавад...
Дар байни ним соат дар меҳмонхонаи Абдулхайр сӯзан партоӣ ба замин намерасид ва меҳмон сари ҳар ду-се дақиқа ба ҳурмати шахси ба зиёраташ омада аз ҷой мехест...
Абдулхайр гӯсфандеро сар зада, барои бозгашти дӯсташ мардуми деҳро зиёфат дод.
Карим ҳам гови калоне харид ва ба хотири руҳу арвоҳи гузаштагонаш дар масҷиди деҳа хурду калони Гулзор ва деҳаҳои атрофи онро ҳаққи намак кард...


Субҳи 24 октябр Сорбони Ҳомид ба мактаб омад. Ӯ ҳамроҳи директори мактаб ба ҳар синф алоҳида-алоҳида даромада, оид ба ҳодисаи куштор дар кӯчаи Костюшко пурсон шуд. Қариб аз нисф зиёди хонандагон аз ҳодисаи рӯхдода огоҳ буданд.
Истиқоматкунандаи кӯчаи Афзалӣ Парвизи Бекмурод нақл намуд, ки ду шаб пеш соати 2050дақиқа марде дар либоси ҳарбии сиёҳ аз ӯ чӣ хел ба кучаи Костюшко рафтанро пурсид.

пешина
аз 441
навбатӣ