Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз аз ҳамин беҳаракатӣ истифода бурда, гурӯҳҳои яроқноки аз дигар минтақаҳо “гуреза” шуда омада, ин минтақаи ободу осударо низ ба майдони ҳарбу зарби сиёсӣ табдил доданд, ки дар натиҷа садҳо нафар мардуми осоишта , ки умуман боре ҳам ба даст яроқ нагирифта буданд, қурбони ин дасисабозиҳо шуданд.
Рӯзи сеюм ё чоруми дар Гулзор будан Абдулхайр ӯро ба мактаби деҳа бурд. Рафту...
Мисли оне, ки корд ба синааш халида бошад. дилашро дошт. Ба назараш намуд, ки пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд.
Аслан он мактабе, ки замоне ӯ таҳсил дошт, акнун чуғзхонаро мемонд. Деворҳои канда ва бетаъмир, тирезаҳои бешиша, ки барои аз сармо эмин доштани хонандагон бо селофан маҳкам карда шуда. Арши сӯрох ва фарши шикастаи синфхонаҳо худ нишонаи ҳамдигарнофаҳмӣ ва арҷ нагузоштан ба қонун буд. Ронанда Фахриддин рост гуфт, ки ба урфу одати бегонагон саҷда оварда, ба чунин рӯзҳо расидем...
Замоне дар Гулзор подаи ҳайвони калони шохдор ва рамаи моли майда чангу гардро ба осмон мехезонд.
Бегоҳирӯзиҳо ҷой омадани пода минтақаи гирдиҳамоии ҷавонон буд. Онҳо то омадани пода болои майдончаи сабзпӯш дар паҳлуи рӯди Дараи Оғба, ки Болои Зак ном дошт, гурӯҳ-гурӯҳ аз рӯй синну сол бозӣ мекарданд. Гурӯҳе волейбол, гурӯҳе футбол ва қисме тамошобин. Ҳатто оби чашмаи номдори “Нуқра,” ки дар тамоми минтақа беназир буд, аз паҳлуи ҳамин майдончаи сабзпӯш мегузашт.
Гулдухтарони деҳ бо дили софу беолоиш ба он ҷо рафта, бозиҳои варзиши ҳамдеҳагонашонро тамошо мекарданд.
Шояд ин гулдухтарон ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буданд, ки рӯзе мерасаду баъзе аз ҳамдиёрон ба хотири ба “биҳишти” Аҳриманҳо наздик шудан аз рӯйи манфиатҳои шахсии хеш пӯсти хукро чун ниқоб ба рӯи кашида, ному насаби онҳоро ба силоҳбадастон медиҳанд ва онҳо муваққатан ҳамсари дуюм ё сеюми нафароне мегарданд, ки имрӯз силоҳ онҳоро ёрӯ бародар гашта. Ҳаводиси дар зодгоҳаш ба вуқуъпайвастаро мичман Карими Кабир мавриди таҳлили хеш қарор дода, ба хулосае омад, ки аз мор морбача рӯяд ва худи вазъият баъзе нокасонро ба гурӯҳҳои ғоратгару роҳзан шомил намуда ва муддате онҳо аз нооромиҳои кишвар истифода бурда, “биҳишти” хешро ташкил намуданд, биҳиште чун биҳишти морон.

пешина
аз 441
навбатӣ