Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Иҷрои ин амалро бошад, ба души банда вогузоштаниед?
-Бале, шӯрои синдикат баъди маслиҳату машварат ба чунин хулоса омад, чунки аз рӯйи мақому мартаба мо аз шумо дида намояндаи воломақоме дар милиса надорем. Гумон мекунам баъди тамошои кассета шумо худ ба чӣ кор қодир будани ун Худозадаро фаҳмидед. Ба замми ин, агар мо мудирро ба “хомӯшшавӣ” ҳидоят накунем, ҳамаамон аз ҷумла шумо ҳам, рафиқ подполковник, барои собит намудани дараҷаи бегуноҳиамон дар рафти тафтишот ва суд бо вай сари баҳс қарор хоҳем гирифт ва он чӣ баҳсест шумо ҳам медонед.
-Ман розӣ, акнун гӯед, чӣ амалеро ман бояд анҷом диҳам.
-Ин гапи дигар. Нақшаи амалиёт бошад чунин аст...


Маҷлис дар соати таъиншуда оғоз шуд, ки дар он танҳо афсарони бахши кофтукови ҷиноятӣ, инчунин намояндагони ОБНОН28 низ иштирок намуданд.
Садри маҷлис диққати ҳозиринро дар атрофи хабарҳои дорои хусусияти оперативӣ дошта ҷалб намуд. Масъалаи асосӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ин то кунун боздошт нашудани қотили собиқ корманди милиса Исроил Фотеҳ буд.
Ҳарчанд тафтишот дар ин амали нангин нафареро чун гумонбаршудаи асосӣ медонист, вале то кунун милиса ҷойи зисти ин гумонбаршударо муайян накарда буд. Садри маҷлис нигаронии хешро бар он арз дошт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар ба хабарномаҳои онҳо таваҷҷуҳе зоҳир нанамуданд, вагарна дар кишваре, ки худ Флоти Ҳарбии Баҳрӣ надорад ва нафари бо чунин либос дар байни ҷомеаи шаҳрванди пайдошуда чун гови ало намоён аст, чӣ тавр тавонистааст, ки аз назарҳо пинҳон монад. Ҳамзамон сарвари милиса, ки садри маҷлис буд, дар масъалаи доғи рӯз, яъне

28
Шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
(Дар ШКД ноҳияҳо ҳамагӣ як ё ду корманд фаъолят мекунанд, ки онҳоро гурӯҳ меноманд.Ш.А.) интиқол, харид ва фурӯши маводи мухаддир, ки боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ гардидааст, андешаҳои хешро баён намуда, дар атрофи парвандаи кофтуковӣ-оперативӣ (ОПД) дар нисбати боздоштшуда Ормон Файз, ки тамоми гуноҳро ба души хеш гирифтанист, ҳол он ки аз рӯй хабарҳои оперативӣ дар аҳроми ҷиноӣ ӯ шахси аввал нест, - изҳори нигаронӣ намуда гуфт: -Рафту агар тафтишот то ба худи шахси аввали аҳроми ҷиноӣ нарасад, ҳама ин даву тоз ва дастовардҳоро қимате намемонад, чунки боздоштани як нафар ин ҳанӯз маънои зарбаи қатъӣ задан ба гурӯҳҳои нашъаҷаллобро надорад.

пешина
аз 441
навбатӣ