Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Мо ҳеҷ нафаҳмидем, ки чаро мудир ба чунин амали паст даст задааст.
Шояд сабабашро шумо гап занед!
-Не, ман ягон чизро нафаҳмидам.
-Объекте, ки сухан дар борааш меравад, нисбат ба ҳамаи ҳайати роҳбарикунандаи синдикат компрматериал (ҳуҷҷатҳои фошкунанда) гирд оварда будааст. Шӯрои синдикат баъди азназаргузаронӣ ва таҳлили маводҳои мазкур ба хулосае омад, ки мудири анбор бархилофи қонунҳои синдикат амал намуда, барои рӯзи мабодо аз болои ҳамфикрони хеш барои милиса мавод гирд овардааст ва дар интиҳо худашро ихтиёран ба дасти милиса супурдааст, вагарна кӣ дидааст, ки аз чунин амалиёти калон роҳбари Раёсати корҳои дохилии шаҳр хабардор нашавад.
-Шояд ба даст афтодани вай тасодуф бошад, ё шумо Григорий Хурамович чунин ҳолати корро инкор мекунед?
-Рафту агар мо он маводҳои гирдовардаи мудирро дар нисбати хеш дастрас намекардем, ба тасодуфан рух додани ҳодиса бовар мекардем. Қамариддин, мо ҳама ихтиёран шомили оламе шудаем, ки он ба олами ҷасуртарин махлуқоти сайёра гургҳо монанд аст. Гург то замоне гург аст, ки шомили гала аст, вагарна гурги танҳо аз саге беш нест ва пешравии кори синдикат ҳам аз муттаҳидии аъзояш вобаста аст.
Синдикат шиори замони сотсиализм “як кас барои ҳама, ҳама барои як кас” – ро принсипи ягонаи кории хеш қарор додааст, ин ҷо бошад, мудири анбор, ки дар аҳроми (пирамида) кадрӣ вазифаи масъулеро дорост, аз болои ҳампешагони хеш маводҳои фошкунандаро гирд овардааст. Қамариддин, худат аз ман беҳтар медонӣ, ки гургу саг (Григорий Хуррамович мехост гӯяд, ки гургу саг чун мо ва милиса, вале дар айни вақт милиса будани ҳамсуҳбаташро ба ёд оварда, аз ба забон овардани ин сухан худдорӣ намуд) ҳамеша дар сангарҳои муқобил қарор доранд. Новобаста аз он ки гург аз шуур дур аст, вале дӯстии аъзои галаро бо саг намепазирад ва рафту чунин ҳолатро мушоҳида намоянд, ҳамон ҳамҷинси хешро пора-пора мекунанд ва мо низ барои нигоҳ доштани бехатарии аъзои дигари синдикат роҳи дигареро ба ҷуз аз байн бардоштани “дӯсти” хиёнатпешаамон надида истодаем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо