Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Таваҷҷуҳи инсоният дар ҳама давру замон нисбат ба бурду бохти якдигар ниҳоят калон аст ва боздошт намудани Ормон Файз низ дар байни иштирокчиёни ҳамоиши мазкур як таҳаввулоти ҷиддиеро ба бор овард, чунки сарвари милиса амалиёти мазкурро тасодуфан (бе гирифтан ва мавриди амал қарор додани хабари оперативӣ) арзёбӣ намуд ва касе аз иштирокчиён ҳам дар ин бора эътироз накард. Аз баромади Дастам Қосим ҳамагон ба хулосае омаданд, амале ки мислашро тайи солҳои охир касе дар ёд надошт, тасодуфан рух дода.
Бо ин амали хеш сарвари милиса хабаркаши аслиро, ки бо тахалусси “Весовшик” дар боздошт намудани Ормон Файз саҳмгузор буд, ба тамом дар соя монд...
Мошине пеши бинои милиса истод.
Чун аз рӯйи касб таваҷҷуҳи кормандони милиса дар шаб нисбат ба ҳама гуна садо бештар аст, навбатдори милиса ба ёрдамчиаш Ризвони Асал супориш дод бубинад, ки дар ин нисфи шаб кӣ омадаст.
-Итоат, - гӯён сержанти милиса ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат намуд...
Дар рӯ ба рӯй бинои милиса мошини УАЗ-469, ки болояш бархилофи ҳама қоидаҳои бехатарӣ чун мошини боркаш пур аз халта буд, истода буд. Барфи болои халтаҳо худ ифодакунандаи он буд, ки мошин аз минтақаи ниҳоят сард ва роҳи хеле дур омадааст. Дар замоне, ки ҳанӯз Ризвони Асал аз зинаҳои пеши бино нафаромада буд, ронанда аз мошин берун шуда, ба тарафи бино ҳаракат намуд ва баъди салому алейк мактуберо ба тарафи сержанти милиса дароз намуда гуфт: - Инро аз милисаи Гулзор фиристоданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо