Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Магар аз ҳамон панҷ нафаре, ки имрӯз худат пуштибонашон шудан мехоҳӣ, се нафарашонро дигарбора ҳабс накарданд?
Оё, шумо набудед, ки ба ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи милиса шинос шуда, бинобар кофӣ будани дараҷаи гуноҳашон барои ҳабс намуданашон розигӣ додед?
Таҳлил дар ҳама намуди корҳо хуб, вале дар корҳои тафтишотӣ он воҷиб аст ва баъди рафтани Григорий Хуррамович прокурор ҳамаи тарафҳои ҳодисаи ба сари Ормон Файз омадаро дар тарозуи қонун гузошт, то гуноҳи милисаро дар боздошти ғайриқонунии нафаре дарёбад, вале ҳама талошҳояш дар ин самт бе натиҷа баромаданд. Албатта, аз рӯйи мақом ва вазифа ӯ имкони бо боздоштшуда вохӯрданро дошт, вале аз ин вохӯрӣ ҳам бӯйи умеде набуд, чунки худи боздоштшуда дар айни вақт гуноҳро пурра ба зимма гирифта буд ва дар оянда ӯ боз аз домони касе мегирифт ё не, ҳанӯз барои тафтишот, аз ҷумла прокурор ҳам, як муаммои сарбаста буд ва назди ин муаммо на танҳо ӯ, балки Хуморов, ки дар дониш нисбати вай волояти бештаре дошт, хору залил монд...
Чун ин дафъа дониш маҳаки асоси андешарониҳои прокурор гашт, Абдулваҳҳоб Наботович солҳои донишҷӯии хешро пеши назар овард. Ӯ аслан аълохон набуд, вале бад ҳам намехонд. Ниҳоят баъди хатми донишгоҳ чун ҳама тағодорон ба прокуратура роҳхат гирифт ва муддати чанде дар вазифаҳои гуногуни ин мақомот адои вазифа кард. Аслан ӯ аз он нафароне буд, ки дар ҳама гуна вазифа якум будан мехост.
Абдулваҳҳоб Усмон аз он ҳайрон буд, ки чаро рақами рамзии президенти пуриқтидортарин давлати ҷаҳон Штатҳои Мутаҳидаи Амрико на “як” балки “ёздаҳ” аст, ва ин чӣ асрор аст, ӯ намедонад...
Тайи се сол аст, ки ӯ дар прокуратураи ноҳияи Сарчашма дар мақоми шахси аввал ифои вазифа дорад ва тахминан як солу даҳ моҳ пеш Хуморов ба дафтари кории вай омада, аз болои таъиноти суд эътироз намуданро талаб кард. Прокурор гуфт, ки дар таъинот хатоеро намебинад, вале Хуморов таъинотро дар мизони қонун гузошт ва бо далелҳои раднашаванда прокурорро бовар кунонид, ки танҳо эътироз баробариро дар палаҳои тарозу баробар мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо