Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Прокурор аз болои таъиноти суди ноҳия ба мақомоти болоии суд эътироз бурд ва эътирози ӯ пазируфта шуд ва ин эътирози аввалину охирини прокурор аз рӯйи талаби Хуморов аз болои таъинотҳои суд набуд...
Чун бародари калонии Абдулваҳҳоб Маҳмадқул номзадиашро ба маснади вакили мардумӣ пешниҳод намуд ва номи хешро дар қатори ҳашт довталаби дигар ба бюллетени овоздиҳӣ сабт намуд, прокурор, ки аллакай кию чӣ будани Хуморовро медонист, бо сари паст назди ӯ рафт ва сабаби ташрифашро баён кард...
Дар зиёфате ки Маҳмадқул Усмон барои дар интихобот пирӯз гаштанаш орост, Хуморовро бародари қиёматӣ номида гуфт, то ҷон дар рамақ дорад, хизмати ӯро ба ҷо хоҳад овард.
Абдулваҳҳоб Наботович ҳам аз дастболо гаштани бародар шод гашта, ваъда дод, ки қарзро то қиёмат нахоҳад монд.
-Чӣ хел қарз? - худро ба нодони зада гуфт Григорий Хуррамович.
-О...
-Ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам набиёр. “Ҳисоби дӯстон дар дил,”- гуфт нафаре, ки дар саховатмандӣ Ҳотами Тойро мемонд. Соате пеш Хуморов бо дили ҳазин аз дафтари кории прокурор бадар рафт. “Кош замин мекафиду маро фурӯ мебурд, боз шон дар мақоми шахси якуми идора қарор дорам.
Наход ягон илоҷаш набошад, пас қарз чӣ мешавад?” Котиба вориди дафтари кори прокурор шуда хабар дод, ки раис омадааст.
-Кадом раис?
-Раиси суд.
-Гӯед дарояд!


Дастам Қосим баробари гӯшакро ба ҷояш гузоштан ба воситаи телефони дохилӣ ба навбатдор супориш дод, ки муфаттиш Зоғов ба наздаш дарояд.
-Он кас наомадаанд.

пешина
аз 441
навбатӣ