Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Дигар чӣ ҳам мегуфтӣ, акнун рав!
Чун котиба оҳиста ва бе садо аз дар берун шуд, прокурор ҷузвдони ҳуҷҷатҳоро аз ғалладони мизи кориаш берун оварда, ба протоколи нигоҳдории муваққатии Ормон Файз дубора чашм дӯхт. Ҳамон коғази безабон шаҳодат аз он медод, ки милиса имкони боз сию ҳафт соат нигоҳдории боздоштшударо дорад ва баъди ин онҳо, албатта, бо қарори хеш дар бораи ҳабс гирифтани вай ба назди прокурор хоҳанд омад.
Ва дар замири вай бори аввал нисбат ба қонунгузорӣ оид ба боздошти муваққатии шаҳрвандон шубҳа пайдо шуд.
Бубин, қонунгузорон дар нисбати назорати прокурорӣ ба чӣ иштибоҳе роҳ додаанд. Назорати умумиро ба зиммаи прокурори генералӣ ва прокурорҳои зертобеъи он гузошта, ба милиса имкон додаанд, ки 72 соат шахсро бе асос нигоҳ доранд ва тариқи як маълумотнома прокурорро аз ин амали хеш огоҳ намоянд. Хайр, прокурор бо он маълумотномаи зормонда чӣ кор кунад, модоме ки худи шумо қонундонҳо бе банд дастони прокурорро бастаед. Ҳафтоду ду соат шахсро нигоҳ дор ва чун гуноҳашро дайн карда натавонистӣ, ҳамин хел осонакак аз вай узр пурсида, раҳояш кун. Худо медонад дар давоми ин 72 соат онҳо чун гестапо1 аз кадом шаклу усули пурсиш истифода мебаранд. Ана кору мана кор ва худи қонун дар ин самт пуштибони милиса. Агар чунин аст, пас прокурор ба кӣ лозим? Чаро он нафароне, ки 72 соат бе ягон асос дар боздоштгоҳи муваққатии милиса буданд, аз болои милиса ба ягон ҷо шикоят намекунанд. Гирем аз 148 нафаре, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар асоси чунин протокол боздошт шудаанд, милиса ҳамагӣ аз панҷ нафарашон узр пурсидааст. Пас чаро ҳамин панҷ нафар аз болои ҳаракатҳои милиса ба мо шикоят накардаанд?
Чаро шикоят мекарданд, охир ҳамааш дар асоси қонун аст ва мардум ҳам инро мефаҳманд. Ба замми ин на ҳамаи онҳое, ки баъди 72 соат ба озодӣ мебароянд, бегуноҳанд. Шояд ба бахти худи онҳо бошад, ки милиса сари вақт гуноҳи онҳоро собит карда наметавонад ва онҳо муддате боз дар ҳавои озод нафас мегиранд ва чун ин кор ба милиса даст диҳад, ҳамон як узр сабабгори бозгашти нафаре, ки он узрро бо писханд қабул намудааст, баробари бозгашт аз биҳишт ба дӯзах мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо