Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-То ҳанӯз не.
-Корро ҷоноктар намоед!
-Хуб шудааст.
-Аз натиҷаи амалиёти дуюматон ба таври муфассал маълумотнома пешниҳод намоед!
-Итоат.
-Хуш монед, - гӯён Некрӯз Низом гӯшакро ба ҷояш гузошта ба андеша рафт: “Якеро гурезониданд, дигареро ҷавоб доданд, ба кадом мақсад?
Чилупанҷ кг героин ва ҳафт кг афюн, ин ба гуфтан осон.
Дастам Қосим ҳамагӣ чор рӯз пеш дар назди ман буд, вале дар ин бора даҳон накушод ё ӯ ҳам аз ин кор хабар надошт ва агар чунин аст Ормон Файз ҳам чун ҳамон ронандаи бадахшӣ тасодуфан ба даст афтодааст? Ин хел ҳодисаҳои тасодуфӣ вақтҳои охир зиёд шуда истодааст ва ё ин ҳисоббаробаркунии байни гурӯҳҳои криминалӣ бошад?”
...
Нуфтаи фарзанди нар, дар пушти марди қарздор, Ё арақ карда бирезад, ё зи ғам духтар шавад.
Абдулваҳҳоб Наботович баъди рафтани Хуморов тугмачаи занги паҳлуи мизро зер кард.
Лаҳзае пас котиба, ҳамон духтари малламуи қоматбаланд, пушти дар чун дарахти санавбар рост шуда, омодагии хешро бе калому бе салом баҳри шефаш бо ҳамон хомӯшӣ иброз намуд.
-Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро оид ба рад намудани саркунии кори ҷиноятӣ, ки дар нимсолаи якум милиса санҷида баромадааст, ба ин ҷо биёред!
-Баъди омӯзиш онҳоро боз ба милиса фиристодем.
-Кай?
-Қариб як моҳ шуд.
-Оид ба квартали сеюм чӣ?
-То ҳанӯз онҳоро барои омӯзиш нагирифтаем.
-Набошад Соҳиб Холро ба назди ман.
-Ӯ ба милиса рафт, рафту омад, чӣ гӯям?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо