Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷойи ҳодиса як нафар фирор намуд ва новобаста аз ҳама гуна талошҳо дастгир намуданаш имкон надод.
Ҳамчунин, ҳамроҳи ронанда шаҳрванд Ормон Файз соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Қубодиён, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Репин, хонаи.., ки муддати зиёде дар ягон ҷо кор намекунад, дастгир карда шуд.”
-Дастам Қосим ҳам бало, - гуфт сардори раёсат ва ба навбатдор, ки ҳанӯз рост меистод, рухсати рафтан дод. Чун навбатдор дарро аз самти муқобил пӯшид, Некрӯз Низом гӯшаки телефонро бардошта, чанд рақамро дар диск пахш кард.
-Дастам Қосим гӯш мекунад.
-Привет старина!
-Салом, рафиқ полковник!
-Ба фикрам, бо олами ҷиноӣ ҷанг эълон намудед?
-Баръакс, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ҳуҷум намудем.
-Ҳуҷум намудеду як нафарро гурезонидед?
-Нафари дуюмашро низ ҷавоб додем.
-Чӣ?
-Ҳамин хел як нафарро гурезонидем ва ронандаро ҷавоб додем.
-Магар иштироки ӯро дар ҷиноят собит намудан имкон надошт?
-Ормон Файз ҳамаашро ба зимма гирифт ва иброз намуд, ки ронанда дар бораи бор хабар надошт.
-Вай гурехтагӣ чӣ?
-Онҳо гуфтанд, ки вайро аз роҳ гирифтанд ва ҳатто ному насабашро ҳам напурсиданд.
-Шояд таги коса нимкоса бошад?
-Намедонам.
-Барои санҷиши парвандаи мазкур аз ҳисоби Раёсат ёрие лозим ҳаст?
-Ҳоло не ва агар лозим шавад, ман худам занг мезанам.
-Вай маллоҳро ёфтед?

пешина
аз 441
навбатӣ