Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муносибаташ бо ҳамсояҳо нағз буд ва милиса ҳатто имконияти ӯро ба зери назорати маъмурӣ ҳам гирифтан надошт, бехабар аз он ки ӯ тарҳрези чандин ҷиноятҳои вазнин аст ва интиқоли маводи мухаддирро дар тамоми минтақаҳои шаҳр зери назорати хеш қарор додааст. Таркиш дар мошини мудири хоҷагии ёрирасони Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об низ яке аз нақшаҳои пешниҳоднамудаи собиқ судя буд...
Дар давоми ду соли дар озодӣ будан ба ӯ муяссар шуд, ки тариқи ёру ошнобозӣ ҳамчун миёнарав парвандаҳои ҷиноии чандин нафаронеро, ки бо гуноҳи на чандон вазнин ба даст афтода буданд, бо баррасии ҳолатҳои сабуккунандаи кор дар истеҳсолот қатъ намояд ва ин обрӯи ӯро дар байни гурӯҳҳои мухталиф бештару бештар мекард. Дар ин кор дастгири ҳамешагии ӯ прокурори ноҳияи Сарчашма Абдулваҳҳоб Усмон буд, вале ин дафъа ҳарчанд прокурор ваъда намуд, ки масъаларо мебинад, ӯ ба ҳомии қонун бовар накард...
Акнун пешниҳоди Хайру Шар ӯро сари дуроҳае овард ва вақти он расида буд, ки аз ду якеро интихоб намояд.
Пешниҳоди Хайрро пазируфтан ин маънои пеш аз муҳлат ба дастони хеш кишан заданро дошт. Иҷрои чунин амал мақоли халқии “мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад”- ро инкор мекард ва ҳарчанд Гриша Хуморов ба анҷоми неки кор ҳам чандон боварӣ надошт, каломи “то омадани табар, кунда меосояд” –ро ба ёд оварда, пешниҳоди Хайрро рад кард...


-Чӣ?
-Ҳамааш дуруст аст, рафиқ полковник, - сардори РКД –и шаҳрро бовар кунонидан хост навбатдор.
-Медонам, ки ин ҷо ҳамааш дуруст, вале ҳангоми қабули телефонограмма ба хатое роҳ надодаед?
-Ҳаргиз не, рафиқ полковник.
Некрӯз Низом айнакашро ба чашм гузошта, бори дигар ба матни телефонограммаи аз ШКД ноҳияи Сарчашма воридшуда чашм дӯхт: “Аз мошини тамғаи ГАЗ-2410 рақами давлатиаш А 23 -76 ...ронандааш Латиф Бозор ба миқдори 45 кг хокаи сафеди ба героин монанд ва 7 кг афюн ёфта гирифта шуд.

пешина
аз 441
навбатӣ