Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хайру Шар дар баҳси хеш ӯро чун довар пазируфтанд ва чун ҳама доварони олам вай як масъулияти бузургеро ба душ гирифт.
Шар, чун вориси авлоди Заҳҳок ва Аҳриман пешниҳод намуд, ки ягона роҳи халосӣ аз ин варта баромадан ҷисман аз байн бардоштани мудир аст. Дар он сурат милисаҳо ҳам ҷазои хешро хоҳанд дид ва ин каме ҳам бошад, ҷуброн ба он амалҳое хоҳад шуд, ки онҳо бо чунин як “синдикати бонуфуз” сар ба сар шудаанд. Ҳамзамон Шар доварро огоҳ намуд, ки дар чунин шароити мушкили иқтисодӣ ба сари “корхона” омада барои иҷрои амалҳои зердастон, ки бо талаби он ҷавонзани шаттоҳ оғоз намудаанд, бояд бо кадом роҳе набошад, маблағи дар гуфтушунид ба миён гузоштаро гирифт.
Хайр бошад, роҳи аз ҳама осони аз ин гирдоб баромаданро ба милиса рафта, ба гуноҳи хеш иқрор шуданро пешниҳод намуд ва ҳатто бо далелҳо собит кардан хост, ки бо чунин ҳаракат гунаҳкор бо як тир ду нишон хоҳад зад: Якум, ӯ дигар имкони рехтани хуни ноҳақро намеёбад. Дуюм, тавба дар ҳама намудаш назди Офаридгор писанд ва ӯ лакбахш аст.
Албатта, пайдошавии тарсро дар ниҳоди мард ин фақат буздилӣ номидан хатост ва тарс пеш аз иҷрои амале, ки он дар қонун ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст, ин худ як нишонае аз гӯшаи имон аст ва нафаре, ки аз Офаридгор тарс надорад, ӯ бандаи Худо нест ва маҳз бо ҳамин маъно тарс моро аз амалҳои зишт бозмедорад ва ба Парвардигор наздик месозад, фикри хешро собит намудани шуда мегуфт Хайр.
Григорий Хуррамович сари “пешниҳодҳои” Хайр сари андеша фурӯ рафт. Ӯ аслан яку якбора саргузашти бист соли ҳаёти хешро болои мизони вақт гузошт ва дар он саҳфаи тозаеро надид. Ҳама пур аз саҳву хато...
Баъди хатми донишгоҳ вай ба мақомоти прокуратура ба кор омад ва дар як муддати кӯтоҳ ҷой хешро дар зиндагӣ дарёфт. Бо 120 рубл маош, ки аз маоши милитсионери қаторӣ ҳам камтар буд, дар шаҳр соҳиби хона ва мошини сабукрав шуд ва ҳамаи ин аз куҷо омад, ӯ худаш медонисту Худо.

пешина
аз 441
навбатӣ