Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Дар ошкор намудани бори бегона дар шаҳр хизмати Эрик Рура назаррас буд ва маҳз ҳамин “ҳушёрии сиёсӣ” мақоми хабаркашро дар назди саркардагони аҳроми ҷиноӣ чанд зинае ба боло бурд. Барои чунин густохӣ “мири шаҳр” аз наркобарони бадахшонӣ, ки боиси касод намудани бозори дохилӣ гардида буд, ҷубронпулӣ талаб кард, вале Ёрабшо ин пешниҳодро рад кард. Ҳафтае пас яке аз зердастони наркобарони қайсари бадахшонӣ бо бисту ду кг маводи сахттаъсири героин ба даст афтод... Дар шикасти амалиёти мазкур саҳми пешхизмати тарабхона Ҷамол назаррас буд, чунки ӯ аз натиҷаи гуфтугӯӣ Ёрабшо ва ронанда ба Хуморов хабар дод ва дуюмин тариқи шербачаҳояш аз самти ҳаракати мошини “пурбор” ба яке аз дидбонгоҳои БДА хабар доданд...
Худораҳматии Хумор Хуррамов ҳамеша ба фарзандаш таъкид мекард, ки “назан дари касро, то назананд даратро”, вале ин ҳама насиҳатҳои падар ба як гӯши Гриша даромада аз гӯши дигараш чун бод баромада мерафт ва “ҳар кӣ нагирифт панди падар, сазои сараш аз ин бадтар.” Акнун ӯ нафари дар гирдоб афтидаро мемонд, ки дар тавсалаи ҷон чӣ хел дасту по заданашро намедонад. Ҳарчанд Ормон Файзро нағз мешинохт ва солҳо бо ҳам риштаи дӯстӣ пайваста буданд, вале як гӯшаи дилаш сиёҳ буд, ки мабодо Ормон Файз ба пурсишҳои тафтишотӣ тоб наоварда, ному насаби вайро ба забон биёрад.
Шаклу услҳои тафтишот, ба ҷуз аз фишорҳои руҳию равонӣ беш набуданд ва барои нафаре, ки иродаи мустаҳкам дорад, чунин намуди фишороварӣ қариб ба сифр баробар буд.
Ҳарчанд олами ҷиноӣ ӯро чун шахсияти бо иродаи қавӣ мешинохт, вале ба даст афтодани мудири анбор, ки дар аҳкоми ҷиноӣ танҳо як зина аз ӯ паст меистод, худ нишонае аз шикасти синдикат ба ҳисоб мерафт ва оид ба пойдории он Хайру Шар даст ба гиребон буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо