Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Сипас гурӯҳҳои криминалӣ дар атрофаш гирд омаданд ва бо як такон номзадии вайро ба ҳайси судя пешниҳод намуданд ва чун ба курсии мансаб омад, борҳо бархилофи қонун гурӯҳҳои криминалиро дастгирӣ намуд ва ин амал то замоне давом кард, ки худи система ба ҳабс маҳкум кардани баъзе аз саркардагони гурӯҳҳои криминалиро талаб накард ва ӯ дар байни ду дарё монд, ки ҳар кадоме бо талаби хеш ҳалли мушкилотеро бартараф кардан мехостанд. Дар ҳамон вақт ҳам чун имрӯз Хайру Шар маслиҳатчии ӯ шуданд...
Баъди машварати тӯлонӣ собиқ судя ба хулосае омад, ки дарёро ба кадом самте убур накунад, домонаш тар хоҳад шуд.
Дар интиҳо ӯ талаби системаро ба ҷо овард, чунки гумон дошт система ҳамеша дастгир ва пушту паноҳи “бачаҳои хуб” буд, ҳаст ва хоҳад монд ва, албатта, баъди иҷрои супориш ӯро вазифаи баландтаре дар пеш аст, вале ӯ ба гӯшаи хотир ҳам наовард, ки имкони амалӣ шудани чунин андешаҳо танҳо вақте даст медиҳад, ки мансабдор якрӯю якпаҳлу буда, шомили ду ҷабҳа набошад. Онҳое, ки бо ҷаҳду талоши зиёд ӯро ба курсии мансаб оварда буданд, аз чунин носипосӣ ба ғазаб омада, ин даъфа баҳри аз мансаб дур намуданаш боз талош варзиданд ва чун аз нафси бадаш огоҳ буданд, барои иҷрои ночиз коре ба вай пора пешниҳод намуданд ва чун барои гирифтани пора розӣ шуд, системаро аз ин амал огоҳ намуданд... Рӯзе ӯро бо далелҳои шайъӣ ҳангоми гирифтани пора дастгир намуда, ба маҳкама кашиданд. Оқибат нафаре, ки мехост суханаш чун сухани Фирдавсӣ то қиёмат ба ҷо монад, ба умеди зоғ шуда, аз раззоқ ҳам монд.
Мегӯянд, нафаре ки ҳангоми нӯшидани шир сӯхтааст, дуғро пуф-пуф карда менӯшад ва дар маҳбас зиндониён ӯро чун дар ҳалли мушкилоте довар интихоб намуданд ва ин дафъа ӯ танҳо рӯйи Худо гап зад. Ин адолатпарастии Гриша Хуморов аз мадди назари кулли маҳкумшудагон, ки мисли худаш намояндагони сохторҳои қудратӣ буданд, дур намонд.
Маҳз ҳамин амал эътибори ӯро дар байни маҳбасиён чун инсони ҳақпараст муаррифӣ намуд ва минбаъд ӯ чун муовини падари маҳбасиён (пахан зоны) дар ҳалли бисер мушкилоти ҳалталаб иштирок намуда, андешаҳои одилонаро пешниҳод мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо