Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Эрик, таёриатро бин, соати 23 ба роҳ мебароем.
-Чӣ хел тайёрӣ, ба куҷо?
-Ба Русия, барои ҳамин либосҳои зимистонаатро ҳам гир, рафту дар он ҷо як ҳафта-ним ҳафта монем.
-Ормон Файзович, ман ҳатто либоси зимистона надорам.
Охир худатон медонед, ки банда баъди “санатория”.
-Дигар ин калимаро аз забонат нашунавам,- гуфт мудир ва ба дасти вай ду саддоллараро дода гуфт:
-Рав барои худат либосҳои зимистона харидорӣ намо ва соати 20 ба хона биё.
-Борро гирифтед?
-То омадани худат эҳтимол ин масъала ҳам ҳалли хешро ёбад.
Ӯ фаҳмид, ки мудир дурӯғ гуфта истодааст, вале сир бой надода боз пурсид:
-Фақат ҳардуямон меравем?
-Не, боз як нафари дигар ҳам ҳаст.
-Ман вайро мешиносам?
-Ба гумон аст, вале дилат пур бошад, ӯ на як бору ду бор аз имтиҳон гузаштааст. Ба замми ин, ӯ ронандаи ниҳоят таҷрибанок аст.
-Модоме ки шумо боварб доред, чаро ман бовар накунам.
Рура аз телефон автомати сари роҳ ба Сорбони Ҳомид занг зада, ӯ ва сарвари идораашонро ба вохӯрии таъҷилӣ даъват намуд.
Бо гузашти як соат онҳо дар яке аз хонаҳои конспиративии милиса сари суҳбат нишастанд.
Баъди гузориши Рура сарвари милиса ва Сорбони Ҳомид нақшаи амалёти дар пешистодаро бояд тарзе тарҳрезӣ менамуданд, ки он на танҳо кафолати бегуноҳӣ ва зинда мондани ӯро ҳангоми фирор, балки ҳақиқӣ будани дунболгирии вайро барои боварии минбаъдаи садрнишинони синдикат муаррифӣ карда метавонист.
-Ҳоло вай дар куҷо бошад?
-Кӣ?
-Ронанда.
-Кадом ронанда , ту чиҳо гуфта истодаӣ, Эрик?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо