Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Не ба ҳоли ман.
-Дар нисбати ман чизе нагуфт?
-Шикоят аз болои падар барояш маъқул нашуд, ки чашмонашро пӯшид.
-Шунидани ҳама гуна шикоят дилбазан аст.
-Дар байни ин чор девори бетонӣ танҳо истодан осон аст?
-Чаро танҳо, о Расул ҳаст-ку.
-Барои ҳамин аз болоят ба писарат шикоят намудам.
“Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи дар ҳам механдад”- гуфтани мардумро низ шояд асосе ҳаст ва чун Умеда дастурхонро бардошт, онҳо ҳарду ба хонаи хоб гузаштанд.


-Тамоми шаб ҳазён гуфтӣ,- баробари аз хоб хестанаш хабар дод модар.
-Чӣ хел ҳазён?
-Ман худам ҳам чизеро нафаҳмидам вале суханҳоят гоҳ аз арш буданду гоҳ аз фарш.
-Дар бораи чӣ “сурудам,” оча?
-Суханонат канда-канда буданд, аз қабили напаронед, Рита гуноҳ надорад.
-Ҳоло Маргарита дар куҷо бошад?
-Кӣ медонад, ки акнун ӯ дар куҷост, ба ҳама он ҳусну малоҳат Маргарита худашро ҳифз карда натавонист ва маводи мухаддир оқибат корашро кард. Акнун бачам фикри ӯро аз сар дур кун!
-Оча, ин ба гуфтан осон.
-Вай, ки фикри хешро накард, пас чаро ту фикри ӯро мекунӣ?
-Магар имкони табобати Рита нест?
-Кӯзапуштро танҳо хоки лаҳад рост мекунад ва хуб мешуд агар ин фикрҳои ботилро аз сарат дур мекардӣ! Зан тухми анқо нашудааст, дигарашро меёбӣ, - гуфт модар ва ба ошхона рафт.
Ӯ ҳамон хел бе ҳаракат, мисли оне ки маҷоли қадам гузоштан надошта бошад, рост меистод ва воқеаҳои рӯзҳои охир чун лентаи кино аз пеши назараш гузаштанд...
Субҳи рӯзи 2 ноябр мудир ӯро ба наздаш хонда гуфт:

пешина
аз 441
навбатӣ