Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ акнун ба ёд овард, ки бо модар сари баҳс қарор дорад ва баҳри ором намудани руҳу равони модар гуфт:
-Оча, аздусар аз ман Штирлец22 намебарояд.
-Инаш рост, - хандида гуфт модар аз паҳлуи ӯ гузашта истода.
-Оча, чӣ гум кардаед?
-Кордро гирам, дишаб онро овардию ба ошхона набурдӣ.
-Касеро куштаниӣ?
-Нонро.
-Набошад тезтар куш, ки ман аз гуруснагӣ маҷоли ҷунбидан надорам.
-Барвақттар ба хона омадан лозим.
-Шаб ҳамин ҷо будам.
-Дишаб ҳамин ҷо будӣ, вале шаби пешин, қарибиҳои рӯз омадӣ ва ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро либосҳоят олудаи чангу хок буданд?
-Афтидам.
-Дар мобайни пахта?
-Мардум ҳамарӯза дар пахтачинӣ, ман, ки як рӯз рафтам, осмон омада ба замин расид?
-Не, албатта. Агар ту пахта чида бошӣ, ман розӣ, вале чангу хоки либосҳоятро дида, кас гумон мекунад, ки дар байни ҷӯякҳои пахта гаваккашон ҳаракат намудаӣ.
-Аз осиёб касе бе гард набаромадааст.
-Метарсам, ки бо ин рафторат дубора балоеро ба сарат наорӣ, - гӯён модар ба ошхона рафт ва Эрик сари андешаҳои хеш дода шуд...
-Боварӣ доред, ки шумо аз се нафар беш нестед?
-Мудир ҳамин хел гуфт.
-Шояд вай худаш сарвари синдикат бошад?
-Не, аз ӯ болотар касе ҳаст ва агар чунин намебуд, вай ҳангоми алоқаи телефонӣ ба ӯ “раис” гуфта муроҷиат намекард.
-Кай шоҳиди чунин гуфтугӯи телефонӣ шудед, рӯз ва соаташ?

Яке аз персонажҳои марказии асарҳои Ю.Семёнов.

пешина
аз 441
навбатӣ