Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳа, забонхати Рураро дар бораи ҳамкории ихтиёрӣ бо милиса, гирифта, бе огоҳкунии иловагӣ оварда, болои ҳамин миз (сардори милиса бо ангушташ ба мизи кориаш ишора намуд) мегузоред!
-Итоат, рухсат диҳед аз пай кор шавам!
-Аз хотир набароред, ки аз ҳодиса ба ҷуз ҳамин се тан, кадомҳо ?
-Шумо, ман ва Рура.
-Бале, дигар касе набояд огоҳ шавад.
Ҳамин тавр амалиёт на дар сатҳи олӣ, балки дар доираи ниҳоят хурди кормандони милисаи ноҳияи Сарчашма ба нақша гирифта шуд.
Албатта, чунин амал маънои онро надошт, ки сарвари милиса ба зердастони дигараш боварӣ надорад. Ӯ ба ҳама бовар мекард, вале аз рӯйи нақшаи ба тавсибрасида дар мизони вақт ҳаёт ва мамоти инсон меистод ва ҳар чи камтар кормандон аз он хабардор мебуданд, беҳтар буду беҳтар. Аз рӯйи нақшаи пешбинишуда бояд Рура ба лонаи нашъаҷаллобон, ки тамоми шаҳрро ба ларзиш оварда буданд, роҳ меёфт. Маҳз ба нақшагирии амалиёт дар чунин тарз дараҷаи бехатариро дар нисбати иҷрочӣ бештар мекард.
Сорбони Ҳомид акнун ба ёд овард, ки чӣ тавр Рура аз ошёнаи дуюми бинои милиса фирор намуд, ҳарчанд он аз рӯйи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ шуд, вале ҳамагон онро чун фирори ҳақиқӣ пиндоштанд..
Он рӯз вай чун аз назди сарвари милиса баргашт, Рураро аз нав ба назди хеш хонд, ки то ҳанӯз дар дафтари қабули шаҳрвандон дар ошёнаи якум дар зери назари ёрдамчии навбатдор қарор дошт ва тайи ин муддат навбатдор чанд маротиба ба вай занг зада, ҳалли ин масъаларо талаб намуда буд.
Ӯ нақшаи амалиёт ва тарзи вохӯриҳои минбаъдаро бо Рура муҳокима намуда, барои ҳамкорӣ бо милиса аз вай забонхат гирифт ва дастури хешро низ ба Рура дод. Ӯ Эрик Рураро бовар кунонид, ки ба ҷуз вай ва сарвари милиса аз ин амали ба нақшагирифтаи онҳо дигар касе хабар надорад ва амон мондани сари вай танҳо ба худаш вобаста аст. Пас аз анҷоми чорабиниҳои расмӣ капитани милиса ба Рура имкон дод, ки аз ошёнаи дуюм ба воситаи тиреза, аз болои токи ангур ба ҳавлӣ фарояд ва сипас аз болои девори бетонӣ худро ба кӯча гирад.

пешина
аз 441
навбатӣ