Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Бори каҷ ба манзил намерасад,” - гуфтагӣ барин чун Рура ба даст афтод, ба димоғаш дубора бӯйи ҳабсхона зад.
Маҳз ҳамин ҳолат ӯро водор сохт, ки “хизмати” хешро ба милиса пешниҳод намояд. Барои “хизматаш” бошад, ӯ аз милиса бе ҷазо мондани хешро талаб мекард. Чун аз лаҳзаи аввал Сорбони Ҳомид пурсиши вайро ба душ дошт, аз натиҷаи ин суҳбат ба номи сарвари ШКД гузориши оперативӣ навишта, бегоҳи ҳамон рӯз ба назди Дастам Қосим даромад...
Сарвари милиса айнакашро ба чашм гузошта, гузориши ваколатдори кофтукови ҷиноятиро, ки характери оперативӣ дошт, мавриди назар қарор дода пурсид:
-Ба вай кафолат лозим будааст?
-Ҳамин хел, рафиқ сардор.
-Агар ҳамин хел бошад, чаро ба вай худат кафолат надодӣ?

  • Чунки хӯҷаини ин идора шумоед ва ҳама он ваклолатҳо низ дар дасти шумо.
    -Ӯ бад карду мо бояд гуноҳашро нодида гирем?
    -Аз хурд гуноҳу аз калон бахшиш, чунки дар таҷрибаи кори милиса, ки шахс худашро бо гуноҳе ба дасти милиса таслим намудаву ба милиса ёрии хешро пешниҳод карда бошад, ангуштшумор аст. Шахсан ман дар давоми солҳои хизмат бо чунин ҳолат бори аввал рӯ ба рӯ шудам.
  • Пас чӣ бояд кард?
    -Мо бояд талаби вайро қонеъ намоем.
    -Ҳодисаро ба қайд гирифтед?
    -То кунун не.
    -Бо ба қайд гирифтани он фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён чанд боло меравад?
    -0,03 фоиз.
    -Майлаш ман аз баҳри ҳамон 0,03 фоизи кушодашавии ҷиноятҳо гузаштам ва то фардо шумо, рафиқ капитан, нақшаю чорабиниҳои дар ин самт тартиб додаатонро якҷоя бо забонхати кӣ буд номаш?
    -Эрик Рура.
пешина
аз 441
навбатӣ