Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин самт агар шумо ҳимоячии хешро дошта бошед чӣ хуб, вагарна худи давлат шуморо ройгон бо ҳимоячӣ таъмин мекунад.
-Ин чӣ шакли фаъолият аст, ки аввал бандаро дастгир намуда, соате чанд паси панҷара нигоҳ доштед ва акунун хизмати ройгони ҳимоячиро пешкаш намуда истодаед?
Ин шакли фаъолият маҳсули бофтаи тахайюлоти банда нест, балки яке аз принсипҳои сохтори давлатдорист ва давлат дар ҳама ҳолат ба шаҳрвандонаш имконият медиҳад, ки дар ҳолатҳои мушкиле ба сарашон омада дар зери ҳимояи давлат бошанд.
-Сари гуфтаҳои шумо ман ягон фикр мекунам, ҳоло бошад монда шудам, - гуфт Ормон Файз.
Сорбони Ҳомид конвойро даъват намуд ва боздоштшударо боз ба ҷой “истироҳат” –аш фиристод.
-Киштии ғарқшудаистодаро, пеш аз ҳама, калламушҳо тарк мекунанд ва хатои маҳз аст агар гумон дошта бошед, ки касе ба ёриатон мешитобад,-аз қафои нафари дар иҳотаи милитсионерон буда овоз рӯшан карда гуфт соҳиби дафтари корӣ.
Баъди рафтани боздоштшуда Ормон Файз ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ рафти воқеаҳоро дар атрофи амалиёти “Мудир”(номи рамзии амалиёт), ки тайи се моҳи охир ӯ ва сардори ШКД ноҳияи Сарчашмаро ором намегузошт, пеши назар овард.
5 август ҳангоми гузаронидани амалиёти “МАК-199...” шаҳрванд Эрик Рура бо чор грамм маводи сахттаъсири героин ба даст афтод. Чун дафтари аъмоли ӯро варақ заданд, боздоштшуда Рура аллакай як маротиба барои нашъаҷаллобӣ дорулахлоқро зиёрат карда буд ва ҳамагӣ ду моҳ пеш ба озодӣ баромада...
Онҳое ки Эрик Рураро боздошт намуданд, хостанд мақоли халқӣ “он чӣ ки бо шир дар бадан рафт, он гоҳ биравад ки ҷон зӣ тан рафт” – ро дар гарданаш чун тавқи лаънат овезон намоянд, бехабар аз он кӣ дар ин “бозии қисмат” ӯро мақсаду маромест, ниҳон...

пешина
аз 441
навбатӣ