Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ҳа, гуноҳро пурра ба гардан мегирам, - гуфт Ормон Файз.
-Гумон доред, ки акнун касе ба ёриатон мешитобад?
-Фикр ҳам намекунам ва барои гуноҳҳои содирнамудаам ба гирифтани ҳама гуна ҷазо тайёрам.
-Филмҳои моҷароиро аз будаш зиёд тамошо намудед?
-Гуфтам-ку, гуноҳамро пурра ба гардан мегирам.
-Андешаи мо дар ин самти фаъолияти шумо баръакс аст.
-Чӣ хел баръакс ё гумон доред, ки ман аз ақл бегона шудаву сарамро ба ҳалқаи дор андохтаниам...
-Тафтишот бар он назар аст, ки барои хариди чунин миқдор маводи мухаддир бо навъҳои гуногун шумо имконияти молиявӣ надоштед.
-Чӣ хеле гуфтам, ман ҳамаи ҳамин маводҳоро қарз гирифтам, то баъди интиқол додани он маблағашро баргардонам.
-Ному насаби нафаре, ки маводҳоро ба шумо қарз дод?
-Ӯ шаҳрванди давлати ҳамсоя буд.
-Бовар намудем, ки мол сарҳади давлатиро убур намудааст, вале шуморо ба ҷуз ошкор кардани ному насаби соҳиби бор боз лозим мешавад, ки шахсияти кафилро ҳам гуфта диҳед.
-Чӣ хел кафил?
-Шумо аз мо хубтар медонед, ки ҳатто ҳамсоя борро бо чунин маблағи ҳангуфт қарз намедиҳад, пас чи тавр метавонад шаҳрванди давлати ҳамсоя борро бо чунин маблағи калон ба нафари ношиносе диҳад ва агар шумо аслан борро бо чунин шакл соҳиб шуда бошед, пас нафаре, ки шаҳрванди хориҷиро аз наздик мешинохтааст, дар ин додугирифт чун кафил байни харидор ва фурӯшанда баромад намудааст.
...
-Хомӯш нишастани шумо ҳалли кор нест ва ҳоло ки дер нашудааст, сари ин масъала ба як хулоса омаданатон лозим мешавад. Чун амали содирнамудаи шумо ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад, аз лаҳзаи аввалини боздоштшавиатон шумо ҳуқуқ ба гирифтани ҳимоячиро доред.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо