Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Салом Григорий Хуррамович бубахшед, ки шуморо нашинохтам, тинҷӣ ҳаст, бачу кач чӣ хел?
-Шукр аз шумо пурсем.
-Бо даму дуои шумо...
-Аз ҳодисаи имрӯза хабар доред?
-Ҳа.
-Ягон роҳаш ҳаст?
-Намедонам, дурусттараш ҳоло чизе гуфта наметавонам.
Фардо соати 1000 ба идора биёед.
-Ҳоло вохӯрем-чӣ?
-Дар ҳамин нисфи шаб?
-Шаб ҳам хусусиятҳои махсуси хешро дорад.
-Агар медошт, “кори шаб хандаи рӯз намегуфтанд”.
-Пас чӣ бояд кард?
-Интизор мешавем, чунки банда ҳам дар бораи ҳодисаи мазкур маълумоти кофӣ надорам ва шумо аз ман беҳтар медонед, ки дар чунин мавридҳо бе маълумоти дуруст ва мукаммал ба хулосае омадан душвор аст.
-Чӣ хел?
-Милиса ҳодисаро ба ҳисоботи шабонарӯзӣ дохил намудааст ва акнун он фардо субҳ дар ҳисоботи вазир то ба гӯши Ҳукумат мерасад ва худатон аз ман беҳтар медонед, ки...
-Чаро суханатонро буридед?
-Хотел сказать, то что пишется пером, не рубится топором.
-Спасибо за откровенность!
-Григорий Хуррамович, хафа нашавед, то ҳадди имкон мо ҳам кӯшиш мекунем.
-Миннатпазирам.
-Фардо шуморо дар ҳамон вақти таъиншуда интизор мешавам,-гӯён Абдулваҳҳоб Усмон гӯшакро ба ҷояш гузошт:
гуд, гуд, гуд...
-Ну и баран, ешё себе прокурором называет. Раз не владеешь обстановкей какой же ты прокурор? ...
Хуморов гӯшакро ба ҷояш гузошта, боз сари андеша рафт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо