Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Албатта, мудири анбор , кию чӣ будани вайро ҳамчун шахсият медонад ва номашро то ҷон дар рамақ дорад, пинҳон хоҳад дошт. Хуморов дар чандин идораю муассисаҳои воломақом, аз ҷумла дар милиса ва прокуратура низ одамони худро дошт. Соле пештар бо дастгирии вай бародари калони прокурори ноҳияи Сарчашма бо мандати депутатӣ соҳиб шуд.
Маҳз дар ҳамин маърака “синдикат”- и Хуморов на камтар аз панҷоҳ ҳазор сомонӣ сарф кард...
Дар милиса чӣ? Магар Қамариддин Сафар унвони подполковникиро худаш гирифт? Бо саводи ӯ ва ӯ баринҳо аз капитан боло рафтан ба гумон буд.
Ашхосе чун Қамариддин саги соҳибгирро монад. Ӯ нону намаки милисаро хӯрда, борҳо дар шикасти амалиётҳои ба нақша гирифтаи идорааш “саҳм” гузоштааст. Агар хабарҳои вай намешуданд, як сол пеш мо ба даст меафтодем. Маълум ки вай аз ин амалиёти ба нақша гирифта хабардор нашудааст ва агар чунин аст амалиёт дар сатҳи олӣ тарҳрезӣ шудааст.
Рафту агар Қамар аз он чун мӯе хабардор мешуд, онро чун кӯҳ арзёбӣ мекард, то луқмаи калонтареро соҳиб шавад. Дар ин ҷода ба ин подполковники чалласавод муроҷиат кардан ин беақлии маҳз аст.
Хуморов сари ин масъала боз номзадии чанд нафар “ёру дӯсташ”-ро, ки то кунун аз ҳисоби “синдикат” ком ширин намуда буданд, болои тарозуи вақт гузошт, вале нобаробарии вазнро дар мизон дида, аз муроҷиат ба онҳо худдорӣ намуд.
Дар интиҳо ӯ нафареро ба хотир овард, ки новобаста аз хоҷа буданаш зиндагӣ вайро чун ғулом барои иҷрои амале ба дари “синдикат” оварда буд ва Хуморов талаби эшонро бечунучаро иҷро кард ва чун кори хоҷа бобарор анҷом ёфт, он маблағро баргардонидан хост, вале дар ҳамон вақт ҳам собиқ судя аз гирифтани қарз даст кашида, “ҳисоби дӯстон дар дил гуфт” ва сарвари синдикат ба хоҷа занг зад.
-Усмонов.
-Салом, Абдулваҳҳоб Наботович.
-Салом, шуморо нашинохтам.
-Ман Хуморов.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо