Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ақрабаки соат ба 23 наздик мешуд ва ба гумон буд касе дар ин нисфишабии тобистон ба нафари аз болои девор гузашта аҳамият диҳад. Баъди понздаҳ дақиқа ӯ “бонги хатар” зад ва навбатдору ёрдамчиаш ба ёрии ӯ ба ошёнаи дуюм баромада, капитани милисаро болои курсӣ бо пешонаи пурхун диданд ва хостанд ба вай ёрии тиббӣ расонанд...
-Эй вайро доред, ки гурехт: -гуфт ӯ аз курсӣ бархеста...
Навбатдор мехост садои табли “бонги хатар” - ро зер намояд, вале сардори милиса дар ҳамин лаҳза аз дафтари кориаш баромад ва такопӯи вайро дида сабаб пурсид ва чун ба қавле аз асли воқеа хабардор гашт, гуфт:
-Модоме ҳодисаро ба китоби қайди ҷиноятҳо нагузаронидаед, бало ба пасаш! Ҳа, дарвоқеъ, аз хотир набароред, ки “сари кафида таги тоқӣ”. Ҳамин тавр касе он ҳодисаро дигар ба ёд наовард ва Дастам Қосим аз он хурсанд буд, ки зинаи аввали амалиёт бе душворӣ гузашт...
Ба Эрик Рура, ки ҳамагӣ бистусе сол дошт муяссар шуд, ки ба воситаи нашъаҷаллобони ноболиғ ба системаи чун занҷир пай дар пайи гурӯҳи наркобаронҳо роҳ ёбад ва ҳатто муддате дар хизмати онҳо бошад.
Чун Рура ҷавони далеру шуҷоъ буд, аз мадди назари идоракунандагони “синдикат” дур намонд ва худаш ҳам нафаҳмид, ки чӣ тавр дар як муддати кутоҳ бо Ормон Файз, ки дар “синдикат” мақому манзалати хешро дошт, шиносоӣ пайдо намуд. То шиносоӣ бо мудир Хуморов тавонист бо роҳи ёру ошнобозӣ ба воситаи “ИЦ” (маркази хабари) ВКД шахсияти Рураро ба таври расмӣ муайян намояд.
Шояд милиса нисбати Рура фикру ақидаи хешро дошт, бехабар аз он ки муаллиф ва коргардони ин бозии қисмат худи ӯст, чунки тай се соли дар маҳбас будан ӯро танҳо як орзу буд, тезтар аз маҳбас баромадан ва бо Рита хонадор шудан, вале чун ӯ аз маҳбас баромаду аҳволи духтари дӯстдоштаашро дид, тарбуз аз бағалаш афтид. Маргарита низ мубталои вабои аср гардида, нашъаманд шуда буд...

пешина
аз 441
навбатӣ