Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Дастам Қосим барфу борон мерезад ва шояд боре ҳам касе вайро дар чунин вазъ надида буд.
-Намедонам бо шумо ба кадом забон гап занам: - гуфт сарвари милиса ва ҳозирин суханони эшонро оғози кушодашавии маҷлис ҳисобида, гӯш ба қимор шуданд.
Ба замми он ки мо як маллоҳро дар давоми қариб ду ҳафта ёфта наметавонем, вазифаи асосии хешро, ки он пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳост, аз хотир баровардем. Маврид ба зикр аст, ки дар давоми чор рӯзи охир чор ҳодисаи аз тарафи ноболиғон истеъмоли маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд. Оё бо чунин аҳвол мо метавонем худро милиса ном барем? Бубинед, аз ин чор ҳодиса як ҳодисааш интиқоли маводи мухаддир аз тарафи писарбачаи дувоздаҳсола мебошад.
Наркобаронҳо барои манфиати хеш шуда, аз ягон ҳолат рӯй намегардонанд ва кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар интиқоли маводи мухаддир ноболиғонеро, ки аз рӯйи синну сол субъекти ҷиноят шуда наметавонанд, ҷалб намоянд. Вақте ки чунин интиқолдиҳандаро дастгир мекунем, аз болояш ба қавле мавод гирд оварда, ӯро ба комиссияи ноболиғони назди ҳукумати ноҳия мефиристем. Комиссияи мазкур низ дар ҳалли қонунӣ ва объективонаи он бо назардошти ҳолатҳои объективӣ ва субъективии ба миёномада аз паси панҷа менигаранд ва ноболиғ бо гуноҳи мо ва комиссияи ноболиғон бе ҷазо монда, аз нав ба “саҳна” мебарояд ва қадамҳои хешро бо боварии бештар ба сӯйи олами ҷиноӣ мегузорад. Агар кор ҳамин хел давом кардан гирад, намедонем мо ба чашми мардум чӣ хел нигоҳ мекунем...
Сипас Дастам Қосим мавзуи асоси суҳбатро дар атрофи парвандаи куштори Исроил Фотеҳ гирд овард ва қариб ҳамаи нишастагон аз натиҷаи кори хеш дар ин самт гузориш доданд. Ҳарчанд натиҷаи кор дар ин самт қаноатбахш набуд, вале ҳайати гурӯҳи кориро дар беҳаракатӣ гунаҳкор кардан аз нигоҳи касбият набуд, аммо муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол аз ҳузури патронаш истифода бурда, аз худ мусичаи бегуноҳ тарошида, дар пеш нарафтани кор аз рӯйи парвандаи мазкур милисаро гунаҳкор кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё