Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид, ки аз рӯй парвандаи мазкур аллакай чун ҳама ҳамкоронаш гузориш дода буд, дигар майли сухан гуфтан ҳам надошт, вале он чӣ ки муфаттиши прокуратура тамоми милисаро ба бекорӣ мутаҳам карданӣ шуд, ӯро ором нагузошт, ки нагузошт ва даст бардошта сухан гирифт.

  • Пеш аз он, ки муҳтарам Соҳиб Хол як коллективи калонро дар бекорагӣ гунаҳкор намоед, хуб мешуд як маротиба гиребони хешро ҳам мебӯидед, риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Сорбони Ҳомид. -Шахсан ман донистан мехоҳам, ки оё шумо боре ҳам ягон ҷиноятро бо роҳи тафтишотӣ ошкор намудаед? Как говорил Шерлок Холмс “Мозги без дела ржавеють,” вагарна чӣ тавр метавон як коллективи калонро, ки дар кушодани қариб 80 фоизи ҷиноятҳои ноаён содиршуда саҳм дорад, ба бекорагӣ муттаҳам кард?
    -Маҳмадоноӣ накунед, рафиқ капитан! Ба фикрам, то ҳоло намедонед, ки прокуратура чист? - ба ҳимояи муфаттиш бархест прокурор.
    -Маро аз номи прокуратура тарс надиҳед ва пеш аз он ки ба ҳимояи зердастатон дасту остин барзаданӣ шудед, аввал андеша намоед, ки саҳми ӯ дар парвандаи мазкур чӣ қадар аст. Шумо, ки лаҳзае пеш дар бораи қонуну қонуният ва баробарии инсонҳо дар назди ҳамин қонун сухан гуфтед, пас месазад, ки ҳамаро бо як чашм нигоҳ кунед, вале амали ҳозираи шумо баръакси гуфтаҳоятон шуд. Рафтори шумо, рафиқ прокурор, ҳамон мақоли халқӣ “муллоро ба гуфтааш амал намо, на ба кардааш”-ро ба ёд меорад...
    -Ҳарчанд баҳс ҳақиқатро рӯй саҳна меорад, вале ҳангоми сухан гуфтан на бояд аз доираи одоб берун шуд ва ман ниҳоят афсӯс мехӯрам, ки бо гуноҳи зердастам капитани милиса Сорбони Ҳомид баҳс чунин шакл гирифт. Аз ҳамин лиҳоз банда аз ваколатҳои доштаам истифода бурда, ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ капитани милиса Сорбони Ҳомид огоҳӣ эълон мекунам, - гуфт сарвари милиса ва ба баҳси беохир нуқта гузошт...

**** - Мардак!

пешина
аз 441
навбатӣ