Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Давлат, давлат гуфта мешинӣ, агар ин қадар дилат сӯзад рафта сағираи худатро ба армия фирист.
Мӯйсафед хост ӯро дошта, мошини комиссариати ҳарбиро, ки дар тарафи муқобили роҳ буд, ҷеғ занад, вале Фарҳод гурги борондида буд ва байни худ ва мӯйсафед масофаи муайянеро нигоҳ медошт. Ӯ даст ба бағалаш бурд ва чун пакети селофаниро дар зери қалбаш дид, каме ором шуда, дигар бо мӯйсафед баҳс накарда, аз он маҳал ҳам думро хода кард...
“Дидани Зулайхо аз болои кӯпруки ҳавоии назди вокзали Роҳи Оҳан кам буд, ки боз он автобуси зард ҳам аз сари роҳамон баромад ва болои ҳамаи ин боз ин мӯйсафеди гӯрсӯхта чун балои ногаҳонӣ аз сари роҳам баромад. Кори хуб нашуд, чӣ лозим буд мӯйсафедро аз амалҳои облавачиён огоҳ намудан, барои насиҳатҳояш раҳмат гуфта гузашта мерафтам, осмон омада ба замин намерасид. Чӣ рӯзи нобароре...
Оқибаташ ба хайр шавад”- гӯён Фарҳод дар сари чорроҳаи навбатӣ ба самти чап тоб хӯрд...


Маҷлиси фаврии назди сардори ШКД бояд соати 2030 дақиқа баргузор мешуд. Сорбони Ҳомид соати 1910дақиқа ба идора омада, коғазҳои дар истеҳсолот доштаашро бори дигар такурӯ намуд. Аллакай аз ҳафт маҳаллаи аҳолинишин, ки Гулзор ном доштанд, ба хабарномаҳо ҷавоб омада буд, вале бенатиҷа...
Маллоҳ Карими Кабир бошад, то ҳанӯз дар озодӣ мегашт ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шӯру шари ин нобарориҳоро, ки мавзуи асосии маҷлиси дар пешистода буданд, дар мизони ақл баркашид. То ҷое ки ӯ хабар дошт, дар маҷлис прокурори ноҳия Абдулваҳҳоб Усмон ва муфаттиш Соҳиб Хол ҳам иштирок мекарданд.
Дар вақти таъиншуда ҳама вориди дафтари кории сардори милиса шуданд. Ба назар чунин менамуд, ки аз қошу қавоқи

Киноя ба нафари аз хизмати ҳарби гурехта.

пешина
аз 441
навбатӣ