Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ҳамин фикру андешаҳо Карими Кабирро хоб бурд...


-Гурехтем!
-Чаро мегурехтем?
-Ҳамон автобуси ранги зард доштаро дидӣ?
-Хайр дидам, чӣ буд?
-Баъд мефаҳмӣ, - гуфт Фарҳод ва ба тарафи муқобили роҳ давид ва қариб буд бо ин амали ноҷояш ба зери чархи мошин монад.
-Эҳтиёт ними ҳаёт аст, – аҳволи ҷавони гурезаро дида гуфт мӯйсафеди аз муқобилаш омада истода.
-Ин насиҳатҳоятро беҳтар мешуд ба онҳо мекардӣ, бобо, - лаҳзае таваққуф намуда гуфт ҷавоне, ки Худованд ба ӯ умри дубора бахшида буд.
-Ба кӣ?
-Ба нафарони ана дар назди он автобуси зард буда, Бубин, ҷӯраи манро кашолакунон ба дохили он автобус дароварданд.
-Чӣ ҷӯраат ягон гуноҳ намуд?
-Вай бечора ҳатто мурчаеро озор надодааст, шумо бошед бобо барои кадом гуноҳаш мегӯед?
-Пас чаро ӯро мебаранд?
-Чунки вай нагурехт ва бо айби худаш ба облава афтид.
-Облавааш чӣ?
-Ба аскарӣ мегиранд.
-Ё тавба!
-Ана ҳамин хел, бобо, боз шумо мегӯед, ки “эҳтиёт-ними ҳаёт,” хайрият, ки гурехтам.
-Ҳайфи ту барин ҷавонмард!
-Дашном накунед, бобо.
-Модоме, ки бо чунин тану туш16 аз армия мегурезӣ, гумон дорӣ касе ба ту раҳмат мегӯяд?
-Эй ба роҳи худат рав, бобо.

Ишора ба қаду қомат ва паҳлавонҷуса будани шахс -Дафъ шав аз назарам дизертир,17 садқаи нону намаки давлат шавӣ!

пешина
аз 441
навбатӣ