Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун духтар умедашро аз ёфтани собиқ ҷавони дӯстдоштааш канд, аз бинои вокзал берун омад ва боз тариқи кӯпруки ҳавоӣ ба самти муқобил ҳаракат намуд. Шом фаро мерасид...
Карими Кабир ҳарчанд фикрҳои ботилро аз сараш дур кардан мехост, вале онҳо чун пашшаҳои шилқин бештар ба вай дармеафтоданд. Ӯ ҳатто кӯрпаро болои сараш кашид, вале хобаш набурд. Дар интиҳо марде ки тайи даҳ рӯзи охир Светланаро ба ёд наоварда буд, зиндагии якҷояи хешро бо русдухтар пеши назар овард.
Сабабгори ҳамаи ин фикрҳо ҳамон хоби субҳгоҳӣ дидааш буд, ки собиқ ҳамсар барояш писар ҳадя намуда ва то ҷое ӯ хабар дошт “бача дар хоб ғам буд”...
Се сол пеш, вақте киштии онҳо аз сафари дарозмуддат баргашт дар хонаи афсарони шаҳри Владивосток ба ҳамин муносибат вохӯрии калоне бо ҳайати 480 нафараи киштии мушакандози гвардиягии “Варяг,” ки яке аз байрақбардорони Флоти уқёнуси Ором буд баргузор гардид, ки он бо консерти калони ансамбли созию овози Флоти уқёнуси Ором анҷом пазируфт. Баъди анҷоми консерт, вақте ки онҳо берун баромаданд, духтаре назди ӯ омада соядаст хост.
-Шояд аз командири калон соядаст гиред, охир ман ҳамааш шуда мичман.
-Ман аз кӣ соядаст гирифтанамро медонам, илтимос не нагӯед,-гуфт духтар ва китоби дар дасташ бударо ба тарафи ӯ дароз кард...
-Соядастро дар китоб танҳо муаллиф мегузорад ва ман намедонам инро ба шумо духтари зебо чӣ хел фаҳмонам.
-Ин китоби “Таърихи флоти уқёнуси Ором” ва шумо ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин таърих ҳастед, барои соядаст гузоштанатон ягон монеаеро намебинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё