Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Маро бовар кунонидед, - гӯён Карим китобро ба даст гирифта лаҳзае онро аз назар гузаронд ва дар саҳифаи аввали он чунин навишт: - Ба...
-Ҳа, қариб фаромуш намуда будам, номам Светлана, Светлана Андреевна, вале шумо метавонед маро Света гӯед.
-Ба Светлана Андреевна бо орзуҳои нек... Карим 18.08...
Духтар ташаккур гуфта китобро аз дасти Карим гирифт.
Сипас ҳарду паҳлуи ҳам қадам зада, то роҳи калон баромаданд... Бегоҳии рӯзи дигар онҳо бо маслиҳати пешакӣ дар назди тарабхонаи “Приморе” вохӯрданд ва то посе аз шаб гузаштан баҳри шиносоӣ қадаҳҳо бардоштанд ва дар ҳавои мусиқии “Танго” ва “Сиганка” рақс намуданд... Баъди се моҳ киштии мушакандози гвардиягии “Варяг” боз ба баҳр баромад ва Светлана худ ба гусели Карим омад ва ҳангоми хайрухуш, дар ҳоле ки қатраҳои ашк дар бари рухсораш ҷорӣ шуданд, сарашро ба китфи маллоҳ гузошта гуфт: -“Ту барои ман ниҳоят азизӣ, худатро эҳтиёт кун”...
Баъди даҳ моҳи шиносоӣ онҳо ба ЗАГС ариза дода, аз қайди никоҳ гузаштанд. Албатта, зиндагӣ бе камбудӣ нест ва оилаи навбунёди Карим ва Светлана низ истисно набуд. Дар тӯйи навхонадорон ҳатто муовини аввали сардори ситоди Флоти уқёнуси Ором вице-адмирал Коваленко Алексей Василевич иштирок намуда, навхонадоронро барои ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанашон табрик намуда, аз номи худи сарфармондеҳи Флот калидҳои хонаи якҳуҷрагиро дар маркази шаҳри Владивосток ба дасташон супорид...
Шояд ба тоҷикписар супоридани калидҳои хона ин моҳияти сиёсӣ ҳам дошт, чунки Русия аввалин давлате буд ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд ва боз дар ҳамон солҳо чун кафили сулҳу салоҳ байни Хукумат ва қувваҳои мухолифин баромад мекард. Дар бораи тӯйи онҳо ҳатто рӯзномаи “Красная звезда” (Ситораи Сурх-Органи олии Вазорати Мудофиаи Федератсияи Русия) мақолаи хонданбобе ба табъ расонида буд, аммо...
Ёр бо мо вақти рафтан хайрбоде ҳам накард...
“Шумо, мардҳо дар ҳақиқат содда ва худбоваред. Охир чор сол пеш ман худам ӯро ҷарроҳӣ карда, бачадонашро бурида партофтам,” - садо дод дар гӯши ӯ суханони ҳамсоязани ҷарроҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё