Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарҳод боре хатои гузаштаи манро ёдрас нашуд. Ман бошам, ба ҷой ба вай роҳи ростро нишон додан ӯро ландаҳур хонда аз хеш рондам. Боз мегӯянд, ки мард шер асту зан шербон ва агар чунин аст, ман ромишгари хубе ҳам набудам ва оқибат шер аз бетавофутии шербон ба роҳи хато рафт.
Суман ҳам дар ин ҷо бе айб нест ва бо таърифу тавсифи хеш аз ман фаришта тарошиду дар нисбати писархолааш гапҳои пасту баланд гуфт ва муҳаббати бандаро дар нисбати Фарҳод сард намуд. Дар асл ман худам Фарҳодро ба ин варта тела додам ва боз имрӯз шарм надошта, аз баландӣ ба кори ӯ назора намудам. Чаро ман ба ёд наовардам, ки чӣ хел Ҷӯраи бачаи Хоркаш худамро дар нимароҳ монд, ҳатто андеша накард, ки ман ба хотири ӯ шуда, якумрӣ дари хонаи падару модарамро ба рӯям бастам. Чаро пеш аз оне, ки ман вайро ландаҳур хонда, аз хеш рондам, боре ӯро дар қиёс бо бачаи Хоркаш нагузоштам. Рафту ҳамон шабу рӯз худораҳматии акои Исроил низ дарро ба рӯй ин гесубуридаи беандеша мебаст, намедонам аҳволи ман чӣ мешуд. Бубин, падарам маро нафаҳмид, вале амакам тайи ду соли дар хонааш будан маро аз фарзандони худ боло мегузошт. Ҳамааш бахайр мебуд агар ман боре модарамро медидам. Эҳтимол тайи ин чанд сол ӯ дар ҳақи ман сӯхта, хоку туроб шуд ва банда низ аз ин хатоҳо хулосаи дурусте бароварда натавонистам ва оила барпо накардам.
Баҳри оштишавии ману падарам янгаам ҳам ҷаҳду талоши зиёде кард ва бубинед ҳатто дар чунин як мусибати калони ба сари аҳлу оилаамон омада падарам аз аспи ҷаҳл нафаромад ва дубора дили бе ин ҳам моломоли дардамро шикаст, мисли оне ки ман худам дар лаҳзаи мушкил Фарҳодро ба ҷарӣ тела додам...” Роҳравон ҳам бошад, мавҷи андешаҳо ҷавонзанро гоҳ ба арш бароварда, гоҳе сарозер ба фарш меовард ва дар қалби кӯчаки ӯ шӯълаи дидорро фурӯзон намудан мехост.
Зулайхо аз андешаҳои беохир дар атрофи Фарҳод инони ихтиёрро аз даст дода, баҳри дидорбинӣ бо вай дубора ба самти вокзал ҳаракат намуд. На саҳни перон ва на дохили вокзал чун ду соати қабли серодам набуд ва ин имкон медод, ки ҳар он нафаре ки ба суроғи дигаре омадааст ва агар ӯ он ҷо бошад, бе мушкилӣ дарёбад, вале ҷавонзан бо ҳама он ҷаҳду талош Фарҳодро надид...

пешина
аз 441
навбатӣ