Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарҳоди Аваз бе ягон мамониат вориди бинои масҷид шуд ва аз бинои ёрирасони дохили масҷид белро гирифта, ба тарафи шарқи девори калон ҳаракат кард ва дар рӯшноии моҳ ба кандани девор пардохт...
..52...
33 Ташрифи ҷиян ба масҷид ба соати 00 дақиқа рост омад.
Айнан ин ҳамон ҳолате буд, ки тағо кори саҳнаро аз нисф зиёд омода сохта.
Ҷиян чун тағо на аз дар, балки аз болои девор вориди масҷид гашт. Ба хотири оне, ки дар кӯча касе ӯро набинад, дар лаҳзаи аввал ба саҳни дохили масҷид дуруст назар накарда, ҷисми хешро гурбавор ба поён партофт. Садои гумбурос ба замин бархӯрдани ҷиян тағоро қариб дилкаф карда буд. Онҳо дар рӯшноии моҳтоб ҳарду якдигарро диданд. Фарҳоди Аваз, ки чунинашро интизор набуд, дар як замон сару калобаашро гум кард, вале ҳамонон худро ба даст гирифта, бел дар даст ба тарафи ҷиян давид. Ӯ, ки на як бору ду бор дар таҷрибаи кориаш мардони дунёи фонӣ таркнамударо дида буд, намехост, ки ҳиссаи хеш ба касе диҳад.
Аслан Асрори Аҳрор худ ба истиқболи марг омада буд ва акнун ӯро роҳи гурез аз ин варта набуд...
Давутози ҷияну тағо дар саҳни масҷид аслан бозии мушу гурбаро мемонд ва ҳама гуна таваққуф боиси ҳалокати ҷиян гаштанаш мумкин буд.
Абдумаҷидов, ки аз асбоби назорати шабона ҳодисаҳои дохили саҳни масҷидро назора дошт, баҳри ба эътидол овардани вазъият амр намуд, ки гурӯҳҳои дар камингоҳ буда яку якбора аз худ дарак диҳанд ва худ аз таппонча ба тарафи осмон як тир холӣ кард. Садои тир хомӯшии шабонаро халалдор сохта бошад ҳам, нафареро аз марг наҷот дод.
Баробари шунидани садо Фарҳоди Аваз ҷисми хеш ба замин партофт. Асрори Аҳрор бошад, гурбавор худро болои девор гирифт, вале дар тарафи дигари девор кормандони милисаро дида, чӣ кор карданашро надониста, боз ба саҳни дохили масҷид ҷаҳид.
Чароғакҳои дастӣ ба чашмонаш бурхӯрданд ва лаҳзае пас ҳалқаи оҳанине ҳарду дасташро пайваст.
Ҷиян дид, ки чӣ тавр кормандони милиса дастони тағояшро ҳам ба пушташ тоб дода, ҳалқа заданд. Ниҳоят ҳардуро пеши саҳначаи тайёрнамудаи тағо бурданд ва сабаби ташрифашонро дар ин нисфи шаб ба масҷид ба ибодатгоҳ пурсон шуданд.

пешина
аз 429
навбатӣ