Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бубахш, ки дер мондам,-гӯён Малоҳат лаҳзае ба курсӣ нишаст.
-Хайр чӣ, дугонаат розӣ шуд?
-Розӣ шуд, вале мо хеле сари нархҳо баҳсу мунозира кардем.
-Худатон танҳо баҳс кардед.
-Не, ошпазамон як рафиқашро, ки имшаб ҳамин ҷо меҳмон будааст, ҷеғ зад ва ӯ, ки худ марди заршинос будааст, ҳар кадоми онҳоро дида, нархи аслиашонро гуфт.
-Боварӣ дорӣ, ки ошпаз хабаркаши милиса нест?
-Вай мардест, ки мурчаро озор надодааст.
-Ана аз ҳамон хелҳояш тарсидан лозим.
-Чӣ ҷои тарс? Инҳоро мо надуздидаем-ку?
-Гапат рост, вале эҳтиёт шарт.
-Ягон чиз биёрам?
-Лозим нест, агар рухсат диҳӣ, ман равам.
-Ба куҷо?
-Ба хонаи ҳамон дӯстам, ӯ маро интизор.
-Фардо меравӣ?
-Фардо субҳ ӯ ба Дубай мепарад. Ман бояд масъалаи борҳоро барои оянда ҳал кунам.
-Майлаш, ман розӣ, вале гурусна рафтанат намемонам, - гӯён Малоҳат боз ба тарафи ошхона рафт.
Ба гумонам, Зарнигор гурги борондидаест. Бубин, ки ӯ чӣ тавр нархи чизҳои аз Ғанибой ба даст омадаро паст намудан хостааст.
Шояд ба бахти мо бошад, ки заршиноси шиноси ошпаз имшаб меҳмони тарабхона гаштааст.
Оҳиста-оҳиста мардум тарабхонаро тарк намуданд ва дар толори калон ҳамагӣ даҳ-дувоздаҳ нафар монд.
Малоҳат барои Фарҳод кабоб овард ва сари миз бо ӯ нишаста хеле суҳбат кард. Тааҷҷубовараш он буд, ки Фарҳоди Аваз дар ин вохӯрии на чандон тӯлонӣ шароб нанӯшид...
50 Соати 23 дақиқа ӯ ҳамроҳи Малоҳат аз тарабхона берун шуда, ба таксие нишаст ва дар наздикии масҷиди кӯчаи Заргарон аз таксӣ фаромада, бо ронанда ҳисобӣ намуд ва хоҳиш кард, ки Малоҳатро то манзилаш барад. Чун таксӣ дар кӯчаи хомӯши шабона аз назар пинҳон шуд, Фарҳоди Аваз ба тарафи масҷид раҳсипор шуд. Гурӯҳи якум, ки васигии ҷарроҳро ба душ дошт, ӯро аз пеши тарабхонаи “Бо ман бимон” то пеши масҷид гусел кард ва гурӯҳи иловагиро, ки рақами рамзии Чорумро гирифта буд, аз омадани меҳмон воқиф сохт...

пешина
аз 429
навбатӣ