Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Тинҷӣ-ми?
-Тинҷӣ. Оё имконият набуд, ки барвақттар биёӣ?
-Кори заруре баромад, ҷонакам.
-Наход, ё ман аллакай ба дилат задаму ба ҷустуҷӯи дигаре рафтӣ?
-Ин хел нагӯй, Малоҳат, дунё бе ту бароям ҳеҷ аст. Дарвоқеъ, ман ба хонаи вай дӯстам рафтам.
-Кадом дӯстат?
-О ҳамоне ки аз хориҷа мол меорад-ку. Ана бароят намунаеро аз он молҳо овардам.
-Ман бошам, аз бекорӣ бо Зарнигор гуфтугӯ кардам, вале ӯ ҳафт фоиз пурсид.
-Ҳафт фоиз, ҳафт фоиз, магар ин зиёд нест?
-Надонам, агар хоҳӣ ӯро ҷеғ мезанам, бо худаш гуфтугӯй намо.
-Не, ман иштиёқи суҳбати дигар касро надорам ва ба хотири худат ба шартҳои мондаи дугонаат розиам. Дугонаат дар ҳақиқат ғоратгар будааст.
-Ҳама дар талоши ҳаёт.
-Луқмаи тайёрро, ки ёфтанд, хуни кас менӯшанд.
-Зарнигор духтари бад нест.
-Баҳс намекунам.
-Ӯро ҷеғ занам?
-Не, беҳтараш худат ба ӯ ҳисобу китобатро баробар намо, - гӯён Фарҳоди Аваз сумкачаи чармини дасташро назди Малоҳат гузошт. –Ин ҷо дувоздаҳ номгӯии ҳархела. Вай дӯстам ҳазору панҷсад пурсид.
-Ҳазору панҷсад сомон?
54
-СКВ
Малоҳат он сумкача бигирифт ва ба тарафи ошхона рафт...
Аз он ки нафари дигаре ба ҷои Малоҳат ба хизмати мизоҷон пардохт, Фарҳоди Аваз ба хулосае омад, ки Малоҳат ба миссияи хеш дар ин доругириҳои зиндагӣ оғоз кард...
Малоҳат хеле таъхир намуд ва ҳамин ҳолат изтироби ӯро бештар кард. Ба ҳар ҳол ӯ таҳаммул пеша кард ва баъди бист дақиқа Малоҳат ҳамроҳи дугонааш аз ошхона берун шуданд. Чун ӯ дар лабони духтар табассум дид, фаҳмид, ки додугирифт барпо шудааст.
СКВ-доллар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор