Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун тағо ба лаб муҳри хомӯшӣ зада буд, ҷиян ба тасвири он ҳама ҷонканиҳои тағо пардохт...
Бо амри сардори гурӯҳ Абдумаҷидов тағою ҷиянро бо нишон додани вақт ва саҳнаи тайёрнамудаи тағо баҳри ҷиян ба навор гирифтанд ва сипас ҳардуро дар мошинҳои алоҳида ба милиса оварданд. Чун ҷиянро милиса аз марг наҷот дода буд, ӯ қариб, ки бе каму кост ба ҷуз куштори Сабзаев ҳамаро қоил шуд...
Аслан ӯ назди милиса қарздор ҳам буд, чунки каме таъхир метавонист боиси ҳалокаташ гардад. Ба замми ин, дар соатҳои аввали ба милиса оварданаш ҳақиқати ҳолро пурра накушод ва Абдумаҷидов шаби дароз ҳамроҳи ӯ кор кард...
Пурсиши тағо ин даъфа ба души худи Оташак афтида буд, вале Фарҳоди Аваз марди аноӣ набуд ва муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтаву ба гӯши хеш пунба зада...
Маҳз ҳамин ҳолат оташи қаҳру ғазаби Масрури Мӯсоро фурӯзон кард, вале боз ҳодисаи се ҳафта пеш ба сари Давлати Баҳромро ба ёд оварда, аз рӯи дастури Абдумаҷидов астағфуриллоҳ гуфт...
Субҳи рӯзи 19 апрел Малоҳати Солеҳ ва дугонааш Зарнигорро ба милиса оварданд ва бо онҳо суҳбат намуданд. Чун Малоҳати Солеҳ аз кирдорҳои марди дӯстдоштааш огоҳ гашт, шояд мақоли халқии “лаби боми ту нашуд, лаби боми дигаре”-ро ба ёд оварда ҳақиқати ҳолро гуфта дод. Зарнигори Аҳтам низ ҳамроҳи кормандони милиса ба хонааш рафта, дар иштироки холисон ҳамаи он дувоздаҳ номгӯй ва боз ангуштарини аз Малоҳат харидаашро бе ягон дудилагӣ ба кормандони тафтишот баргардонд. Малоҳати Солеҳро низ лозим омад, ки ба таври расмӣ аз туҳфаи Фарҳоди Аваз даст кашида, онро ҳамчун далели шайъӣ ба кормандони милиса диҳад.
Чун ҳама далелҳо ҷо ба ҷо шуданд ва гуфтугӯи Фарҳоди Авазро бо Малоҳат дар хонааш ва тарабхона, ҳамчунин гуфтугӯи ҷарроҳро бо ҷиянаш шунавониданд, дар нимаи дуюми рӯзи 19 апрел Фарҳоди Аваз лаб ба сухан кушод... Ӯ аз саргузашти ҳузновари хеш тайи се соат дар дафтари кории Масрури Мӯсо, ки муфаттиши прокуратура Салимов, муфаттиши милиса Зарифов ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов ҳузур доштанд, ҳисобот дода, сохтмончии хизматнишондода Сабзаевро чун муҳандиси асосии ин амалиёт ба қалам дода, марги эшонро низ ба душ гирифт...
Аслан “ҳисоботи” Фарҳоди Аваз қисман пазируфта шуд, чунки ӯ булбулвор такрор мекард, ки ҳамаи чизҳои аз мағоза ҷавоҳирот рабудаашро бо шахсони ношинос фурӯхтааст, ва ҳарчи боқӣ монда буд, шаби гузашта ба Малоҳати Солеҳ додааст...
Нишондоди Фарҳоди Аваз тафтишотро қонеъ накард ва бо қарори муфаттиш ва розигии прокурор дар манзили иҷорави истиқоматии ҷарроҳ дар кӯчаи Шафақ 48/3, ҳуҷраи 7 кофтуков гузаронида шуд...
Кофтуков қариб ду соат давом кард ва шояд агар асбоби махсуси ҷустуҷӯии металл намешуд, чизҳои рабудашуда солиёни зиёде ҳамин хел бе ному нишон мемонданд...
Чун қуттиҳои оҳанинро аз фарши таги плиткаи газ берун оварданд, Фарҳоди Аваз сар ба зер афканд... Шояд ӯ дар ин лаҳзаҳо симои Малоҳатро, ки дар суд ба сифати шоҳид даъват мешуд, пеши назар овард...
Абдумаҷидов посе аз шаб гузашта буд, ки ба хона омад, Наталья Василевна шарфаи пойи шавҳарро шунида, аз хонаи хоб берун шуд ва ҳарду ба ошхона рафтанд, то ки Далеру Абдумаҷидро нороҳат насозанд.
Бонуи хона чой монд ва ба нею нестони шавҳар нигоҳ накарда, баҳри ӯ хӯрок гарм кард...
Хоб аз чашмони Абдумаҷидов парида буд...
Наташа хабар дод, ки фардо субҳ ӯ ба мактаб даъват шудааст.
-Фардо якшанбе-ку.
-Медонам.
-Пас дар мактаб ман чӣ кор мекунам?
-Ҳамроҳи Далер дар шанбегӣ иштирок мекунӣ, - хандида гуфт зан.
-Шанбегии ленинӣ гуй.
-Шанбегӣ, шанбегӣ, чӣ фарқ дорад? Муҳимаш он кӣ дар ободонии мактаби писарат саҳмгузор мешавӣ.
Абдумаҷидов боз ҳамон мактаби рӯи роҳ сохтаи ҳамдеҳагонашро пеши назар овард ва ба ақлу заковати онҳое, ки баҳри сохтмони мактаб пораи заминро дареғ доштаанд, аҳсан гуфт...
Абдумаҷиди хурдакак аз хонаи шафт овоз баланд кард ва зану шавҳар ҳарду ошхонаро тарк карданд...
Чи дунёе...

пешина
аз 429