Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

“Аҷиб, наход мо назди ӯ нисфи ҳамон симои манфур, ки аз нишон додани шакли аслиаш метарсад, қадр надошта бошем? - шунид ӯ овози саркардаи “исёнгаронро”.
-Бубин чунон сари андеша рафтааст, ки дигар парвои мо надорад, - посух дод дуюмӣ.
“Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем,”- гуфтани одамизод беҳуда набудааст. Агар ба гапи ҳамон калонашон гӯш мекарду он донишҷӯи бо туҳмат гирифторшударо ба маҳкама мекашид, мо аллакай вирди забони мардум будем,”- луқма партофт исёнгари сеюм, ки аз кӯлвор нияти берун ҷаҳидан дошт ва Абдумаҷидов хурсанд аз он буд, ки дар вақташ даҳони кӯлворро маҳкам басту роҳи аз халта баромадани исёнгаронро гирифт.
“-Аҷаб замонае, ҳоло ҳама ман мегӯянд. Вақте ки аспҳо пеш аз сафари Бухоро пой хеш наъл карданд, қурбоққаҳо ҳам ба ҳамин мақсад назди усто рафтанд. Ин мардро бубин аз наволаи тайёр рӯ гардониду сари “корнамоиҳои” кадом як ҷарроҳи муттаҳаме майна об мекунад,” - посух дод кадоме аз исёнгарон вале “шахсяити” ӯро Абдумаҷидов муайян карда натавонист...
Муҳокимаронии “исёнгарон” мақоми ҷарроҳи ноаёнро дар ин дору гирҳои зиндагӣ хеле боло бардошт.
Дигар Абдумаҷидов ҳам нисбати “тақдири” ҷарроҳ, ки акнун садри маҷлис буд, бе тафовут набуд.
Ҳамсари Сабзаев худ ба забони шевои тоҷикӣ гуфт, ки замоне ҷарроҳ санги дар гурда будаи шавҳарашро берун кардааст. Ва боз чархи гардун баъди чандин солҳои ҷудоӣ он ду нафарро дар кадом чорроҳае ба ҳам рӯ ба рӯ овардааст. Агар рафту Фаттоҳ дар бораи дар куҷо ҷарроҳӣ намудани падар тасаввуроте дошта бошад, аҷаб нест, ки тайи ду-се рӯзи охир симояшро тоза накунем, ба тарафи акси ҷарроҳи ноайён нигариста гуфт ӯ.
“-Ҳамин ҳам кор шуд, о агар ҳамон луқмаи тайёрро ҳал мекардед, бад буд? Чияш намерасид, ҷавони чорпаҳлӯ, деворро бо мушт занад чаппа мешуд. Ба замми ин, вай калонатон аллакай ба боло ҳисоботашро дода буд, вале аз рӯи шумо ва он маҳмадонои муфаттиш боз назди калон рафта сурху сафед шуда баргашт. Агар шумо деҳа ба деҳа гашта, барои бачаи директори мактаб алиби намеҷустед, мо аллакай садри маърака будем,” - овоз дод исёнгари дуюм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор